Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 иштирок мекунанд
32

Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 иштирок мекунанд

Аз 28 то 30 ноябр дар шаҳри Абудабии Амороти Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа беш аз 390 варзишгар аз 53 давлат иштирок мекунанд, ки 233 нафарашон мардон ва 157 нафарашон занон мебошанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 паҳлавони шинохта дохил шудаанд, ки аз рӯйи 5 вазн байни мардон рақобат менамоянд: Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кг, Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кг, Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кг, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни то 100 кило дар ин мусобиқаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра — 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ — 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД