Sebiston new 2024 october
Палави тафдонӣ дар даруни каду
06.10.2024
ОИЛА.ТҶ
951

Маҳсулоти лозима:

1 дона гирдкаду, 300 грамм биринҷ, 2 дона пиёз, 2 қошуқ равған, 1,5 қошуқча зардчӯба, 300 мл об, намак ва мавиз мувофиқи табъ.

Тарзи таҳия:

Думчаи кадуро гирд бурида, даруни онро пок созед. Пиёзро чоркунҷа реза карда, сабзиро аз дандонаҳои калони турбтарошак гузаронед. Пиёзу сабзиро то тиллоранг шудан зирбонед. Рӯи варақи тафдон фолга густурда, кадуро гузоред ва ба даруни он биринҷ, пиёз ва сабзии намакзадаро ҷойгир кунеду об резед. Болои кадуро бо думча ва фолга пӯшонед ва дар ҳарорати 220 дараҷа муддати 1,5 соат даруни тафдон гузоред. Баъди пухтан мавизро ба он ҳамроҳ карда, 10 дақиқа дам диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД