Arzon march 2024
Паланг 18 сар моли мардумро хӯрду...
484

Якбора сард гаштани ҳаво зиндагиро дар минтақаҳои кӯҳистон чунон душвор гардонидааст, ки ҳатто ҳайвонҳои дарранда аз гуруснагӣ ба водиҳо фаромада, сайти муносиб меҷӯянд. Ҳамлаи Бабри барфӣ дар Бадахшон далели равшани ин гуфтаҳост.

Шаби 22-юми феврал дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Кӯҳӣ Бабри барфӣ аз кӯҳ ба водӣ фаромада, ба чорвои хонагии сокинони деҳаи Табарсеми ҷамоати деҳоти Сежд ҳамла кардааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Барби барфӣ аз шиддати гуруснагӣ 18 сар моли майда-бузу гусфанди сокинони даҳаро даридааст.

Бабри барфӣ, ки онро “Озодапаланг” низ мегӯянд, аз ҷумлаи ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор рафта, ба “Китоби сурх” дохил карда шудааст. Шикор кардани он қатъиян манъ мебошад. Азбаски ин навъи бабр ё палангҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон барномаи давлатиро оид ба муҳофизити Бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028 қабул кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД