arzon replenishment
Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи “Дави дӯстӣ” гузаронида мешавад?
964

 

Пагоҳ, 16-декабр дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе бахшида ба 31-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад.

Дар ин хусус сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар додааст.

Оғози дав аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии муқарар гашта, иштирокчиёни рақобат ба масофаи 7 км ва 5,5 км хоҳанд давид.

Ба қавли Шокирзода, ин дувумин мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ҳиндустон ба шумор меравад ва рақобати мазкур ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Тавре ки “Ховар” хабар додааст, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагони ин чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД