Arzon march 2024
Паёмбар (с) Худоро дидааст?
592

 

Дирӯз шоҳиди як баҳс шудам. Як нафар мегуфт, ки паёмбари Худо шаби Меъроҷ Худовандро дидааст, дигаре мегуфт, ки он ҷо фақат нурро дидаасту халос.

Ҳақиқат чист?

Шервон, ноҳияи Файзобод.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Дар ин масъала миёни уламо ихтилоф вуҷуд дорад, зеро ривоятҳое, ки дар ин боб ворид шудаанд, гуногун аст. Мувофиқи ривояти Ибни Аббос (р) Паёмбар (с) Худовандро дидааст, аммо ривояти Оиша (р) онро рад мекунад. Бинобар қавли роҷеҳ ҳазрати Пайғамбар (с) дар шаби Меъроҷ Худовандро бо чашмонаш надидааст, балки бо қалбаш дидааст, зеро Худованд на дар ин дунё, балки дар охират бо чашми сар дида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД