Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Паём– роҳнамои занон дар ҷомеа» ҳамоиши кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи ин ҳамоиш намоиши китобу маҷаллаҳо, дастурамалҳои соҳавӣ ва маводи иттилоотии марбут ба фаъолияти касбӣ ва иҷтимоии кормандзанони вазорат ташкил карда шудааст.
Зимни ҳамоиш нақши калидии занон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тарбияи кадрҳои ҷавон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, иштирокдорон иброз доштанд, ки баргузории ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи равшани садоқат ва самимияти занони ин ниҳод, ифтихори баланди миллӣ ва хештаншиносӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, инчунин вафодорӣ ба Пешвои миллат ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷом иштирокчиён аҳамияти чунин ҳамоишҳоро омили муҳими боло бурдани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва касбии занон, инчунин таҳкими ҳамбастагӣ ва таҷрибаомӯзии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.