Ассалому алейкум муҳоҷирон ва хонандагони азизи сомонаи Oila.tj! Ман зодаи шаҳри Ваҳдат ҳастам ва ин номаи ҷудоиро бо умеди пайдо кардани акаам, ки 15 сол боз дар ғарибӣ дар шаҳри Свердловск аст, менависам, чунки волидонам аз ғами дурии писар бемор шудаанд.
Занаш бегона не, духтари тағоям аст ва бо 5 фарзанд – 4 духтару 1 писар солҳо боз роҳи шавҳарашро мепояд. Падару модарам хонаю дарро ба янгааму кӯдаконаш додаанд, вале акаам чунон ба мулки рус дил бастааст, ки дигар ба Ватан баргаштан намехоҳад. Намедонам барои чӣ ғарибӣ ин қадар ба вай маъқул аст, баъзан фикр мекунам, ки шояд аз мушкилоти зиндагӣ мегурезад. Ҳайронам, наход зани тоҷик, ки як умр хизмати шавҳараш ва аҳли оилаи ӯро мекунад, ба мисли зани рус қадр надошта набошад?! Намедонам барои чӣ бачаҳои тоҷик дар Русия зани рус гирифта, натанҳо зану фарзандонашон, балки падару модарашонро ҳам аз ёд мебароранд?!
Ғами дурии фарзандашон падару модари пирамро дилкасал кардааст. Аз ҳамин хотир бо умед ин номаро навиштам, ки шояд чашми акаам ба он афтад ва дилаш ба ҳоли волидони бемораш сӯхта ба Ватан баргардад.
Ман мехоҳам инро бифаҳмам, ки барои чи аксари мардони тоҷик гӯё ба хотири таъмини аҳли оилаашон ба русия мераванду баъдан азизони худро аз хотир мебаронанд? Ман худам писар дорам ва метарсам, ки рӯзе писарам моро партофта мераваду дар ҳасрати фарзанд кӯки чашмонам меканад.
Илтимос андешаҳои худро дар комментария нависед.
Ҳуринисои АСАТУЛЛОЗОДА, аз шаҳри Ваҳдат