Чанд рӯз пеш дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он падари золиме писараки хурдашро тавассути сим бераҳмона мезад. Баъди паҳн шудани ин навор кормандони милитсия амалиёти фаврӣ гузаронида, шахсияти ин падари бераҳмро муайян намуданд.
Иномзода Фирдавс Аббос, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, падари ду фарзанд. Бо зӯроварӣ ва истифодаи олоти ҷароҳатрасонанда гумонбаршаванда бо кӯдакони хурдсоли худ Илҳомҷони 7 - сола ва Сумаяи 6 - сола муносибати бераҳмона намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Дар ҳоле, ки баръало ноболиғу нотавон будани кӯдакон барои ӯ аён буд…
Иномзода Фирдавс бо иҷрои ин амали худ дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 117 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (азобу уқубат) гумонбар дониста мешавад. Ӯ бо усули зӯроварӣ ва истифодаи олоти ҷароҳатрасон кӯдакони хурдсоли худ Илҳомҷони 7 - сола ва Сумаяи 6 - соларо бераҲмона мезад.
Ин падари бераҳм қаблан, соли 2017, барои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ суд шудааст, вале ин барояш дарси ибрат нашуду дигарбора ба зиндон меравад.
Пайдо шудани наворҳои лату кӯби ин падари золим дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафрати шадиди ҷомеаро ба вуҷуд овард. Баъди ин мақомоти милитсияи вилояти Суғд муайян намуд, ки ин кӯдакон қурбонии муносибатҳои носолими оиладорӣ гаштаанд. Падару модари онҳо дар ҳолати носозӣ зиндагӣ дошта, модараш айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад. Гумонбаршуда барои бекор кардани ақди никоҳашон бо занаш ин усули таъсиррасонро, ки ҷиноят аст, истифода кардааст. Инчунин, ӯ пештар гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ кард, ки гӯё онҳоро барои тарбияи фарзандонаш истифода карда бошад.
Воқеан хурдсолон, ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида эътироф шудаанд, ба кӯдакони аз таъминоти моддӣ ва тарбия бебаҳра монандӣ надоранд. Ба гуфти тафтишгарон носозӣ байни падару модари онҳо ва навори дар интернет паҳнгашта кӯдаконро дар чашми мардум азиятдида ва муҳтоҷи ғамхорию парасторӣ нишон додааст.
Модари ин кӯдакон дар як суҳбати телефонӣ бо Диловар Сафаров, блогери тоҷик гуфтааст, ки дар хонаи шавҳар доимо зери озори хушдоманаш буд. Шавҳараш ҳамроҳи модар пайваста ӯро мезаданду азоб медоданд. Ҳатто туҳмату овоза карданд, ки келинашон бероҳа аст. Ин модари ду фарзанд баъди чунин муносибат маҷбур шуд, ки кӯдакони хурдсолашро ба дастаи шавҳари бадҷаҳлаш супорида, барои кашидани аробаи зиндагӣ ба ғарибӣ равад. Баъди дидани ин навор ӯ сахт асабӣ аст, вале бинобар сабаби пандемияи коронавирус ба пеши кӯдаконаш омада наметавонад.
Парвандаи мазкур айни ҳол дар тафтишот буда, сомонаи "Оила" онро то охир пайгирӣ хоҳад кард.