sebiston july new
ПАДАРИ ЗАФАР АЮБӢ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ ...
3907

Нуралӣ Аюбӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, бародари шоири зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ ва падари овозхони машҳур Зафар Аюбӣ дирӯз аз дунё гузашт.

Нуралӣ Аюбӣ, шоир ва омӯзгори собиқадори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дирӯз дар синни 90 - солагӣ даргузашт. Дар бораи даргузашти Нуралӣ Аюбӣ, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Самирҷони Зафар дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ӯро “ганҷи бебаҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” арзёбӣ кардааст.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳои миллии Тоҷикистон дар мотами Нуралӣ Аюбӣ зикр кард, ки “ҳамроҳи устоди марҳум Саид Раҳим шеър эҷод мекарданд ва шеърхонӣ мекарданд! Солҳо дар кафедраи забони тоҷикии ДДОК кор карданд, хидмат карданд! Худо раҳматаш кунад!”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД