arzon replenishment
Падари мотамзада аз ҳукумат чӣ мехоҳад?
1599

 Ҳамасола дар фасли тобистон бо сабабҳои гуногун одамони зиёде дар баҳру дарё ва обанборҳои кишварамон ғарқ мешаванд. Мутаассифона, қисми зиёди қурбониёни чунин ҳодисаҳо кӯдакону наврасон ҳастанд. Рӯзи 1-уми июл ба сари оилаи Ҳамроевҳо мусибати бузурге омада, ду фарзанди ин хонавода-хоҳарон Марям ва Мунаввара, ки яке 10 ва дигарӣ 12 сол дошт, дар обанбори канори Боғи Айнӣ ғарқ шудаанд. Марям ва Мунаввараи хурдсол бо сабаби набудани панҷара ба канали обрез даромада, ғарқ шудаанд. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд бо кӯмаки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон волидони ҷигарсӯхтаи ин духтаракони ормнӣ ҷисми бе ҷони духтари калониашон Марями 12-соларо пайдо карда ба хок супурданд, вале аз байн қариб ду ҳафта гузашта бошад ҳам, то ҳол ҷасади духтарчаи хурдиро пайдо карда наметавонанд.

Хуршед Ҳамроев, падари ҷигаргуни ин хонавода аз ҳукумати кишвар мехоҳад ақаллан барои чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то ёфтани ҷасади духтарчаи ормониаш осонтар гардад.

"Бо мадади кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади якеашро ёфтем. Мавҷи об тез аст, сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд," –мегӯяд дар як навори видеоӣ Хуршед Ҳамроев.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтаанд, ки дар ҷустуҷӯи ҷасад ба ин хонавода кӯмак хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД