formula
ПАДАРИ ДИЛНОЗА КАРИМОВА АЗ ПНЕВМОНИЯ РАНҶ МЕКАШИД, АММО...
5072

 

Нуриддин Каримов, падари овозхони шинохта Дилноза Каримова, ки қаблан ба бемории илтиҳоби шуш ё “пневмония” гирифтор шуда буду дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Мирзосангин Қутфиддинов табобат мегирифт, аз бемористон мураххас шудааст.

Гулнора Асадбекова (Каримова), яке аз пайвандони овозхон дар суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” шифо ёфтани Нуриддин Каримовро тасдиқ кард. “Мисли ҳама он кас ҳам ба бемории “пневмония” гирифтор шуда буданд. Шукр, ки табобат гирифтанд ва ҳолашон хуб аст. Сиҳату саломат дар хона ҳастанд”,-гуфт, Гулнора Асадбекова. Худи Дилноза Каримова низ дар саҳифаи фейсбукиаш аз шифо ёфтани падараш хабар дода, ба табибон изҳори миннатдорӣ кардааст. “Салом, дӯстони азиз, мухлисони арҷманд! Дар рӯзи Иди саиди Фитр барои мо ид болои ид омад. Идии падар шифои комилашон шуд. Бигзор қадамҳои неки Иди муборак ба ҷаҳониён фақат паёми шодӣ ва озодӣ аз ин дардҳоро биёварад. Падари азиз шифо ёфтанд ва ба хона омаданд, хурсандии мо ҳадду канор надорад. Шукргузорем, аз ин меҳрубонии Худованд. Сипосгузорем, аз дуову дастгириҳои кулли дӯстон”,-навиштааст, Дилноза Каримова. Дар зимн, ӯ аз номи оилаи Каримовҳо ба табибони Беморхонаи клиникавии вилоятӣ Баҳром Мӯъминов, Фарҳодҷон Юлдашев, Хуршед Ғаффоров, Шавкат Мамадҷонов, Абдуаҳад Сангинов, Рустамҷон Ёқубов ва кулли ҳамшираҳои шавқат барои саҳм гузоштан дар сиҳатии падараш, изҳори миннатдорӣ кардааст. Нуриддин Каримови 62-сола дар Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз вазифаи муовини директор оид ба таълимро ба ӯҳда дошта, феълан дар рухсатӣ қарор дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД