Падари ошпази маъруфи турк Бурак – Исмоил Оздемир баъди расонаӣ шудани даъвои писараш, ки ӯро ба қаллобӣ ва фурӯхтани тарабхонааш муттаҳам карда буд, ба рӯзномаи «Миллият»-и Туркия шикояти ӯро беасос гуфтааст.
Исмоил Оздемир даъвои писарашро беасос номида, ӯро мавриди сарзаниш қарор додаааст.
Ба баёни ӯ, ҳамсари собиқаш – модари Бурак дар пушти ин шикоят аст ва маҳз ӯ писарашро водор кардаааст, то алайҳи ӯ шикоят кунад. Ӯ афзудааст, ки «дар солҳои гузашта кӯмакҳои молии зиёдеро ба Бурак расонидаву ӯро ҳимоят кардааст, то битавонад ба муваффақиятҳое, ки мехоҳад, даст ёбад».
Ба иттилои ӯ, даъвои Бурак ва падараш як баҳси хонаводагӣ аст. Исмоил Оздемир солҳо пеш аз ҳамсараш – модари Бурак ҷудо шуд ва ин боиси мавқеъгириҳои зиддипадарии ин ошпази маъруфи турк шуд. Исмоил Оздемир таъкид кардааст, ки «Бурак генҳои модарашро ба мерос гирифта, бо падар душманӣ дорад. Ман дар аввал ба ӯ хеле кӯмак кардам ва тарҳи тиҷоратиашро сарпарастӣ мекардам. Агар ду сол қаблро бинед, дар он ҷо чизе вуҷуд надошт ва Бурак ҳам набуд»,- гуфтааст ӯ.
Қарор аст, ки мурофиаи судии падару писар моҳи сентябри соли равон баргузор шавад.
Бояд гуфт, ки падари Бурак – Исмоил Оздемир низ ошпаз буд ва ин кор як навъ шуғли хонаводагии онҳо маҳсуб мешавад. Бурак дар синни ҷавонӣ дар тарабхонаи падараш кор мекард ва ошпазиро дар онҷо ёд гирифт.