arzon replenishment
Ошпаз тарабхонаи ҳақиқиашро дар Истанбул мекушояд
572

Ошпази маъруфи турк Бурак Оздемир бар зидди падараш ба суд шикоят карда, ӯро ба қаллобӣ ва истифода аз номи ӯ гунаҳкор кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, нофаҳмии Бурак бо падараш пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия, дар моҳи феврали соли гузашта, оғоз шуд. Он замон ошпаз талош кард ба осебдидагон кӯмак кунад, вале ба далели мудохилаи падараш ба монеаҳо рӯбарӯ шуд. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки равобиташро бо ӯ қатъ кунад.

Бурак пас аз фаҳмидани он, ки падараш ҳуқуқи истифода аз номи ӯро ба дигарон фурӯхта, дар Истамбул бо бренди ӯ тарабхонае боз кардааст, тасмим гирифт, тарабхонаи аслиашро ин ҷо кушояд. Аллакай корҳои омодагӣ барои ифтитоҳи ин тарабхона дар маркази Истанбул дар сафҳаҳои мутааллиқ ба Бурак давр мезанад. Суд даври нахустини баррасии ин парвандаро моҳи сентябр таъин кард.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи тарабхонаҳои “Czn Burak” дар Дубай, Қатар ва Тоҷикистон филиалҳо дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД