arzon replenishment
ПАДАРАМ МАРО ДАР ҚИМОР БОЙ ДОД(ШАКЛИ ПУРРААШ)
2715

 

 Хатои падар

Мутаассифона, дар зиндагӣ падарҳое ҳастанд, ки ба хотири пулу моли дунёӣ фарзанди худро мефурӯшанд.

Падари ман ҳам аз ҷумлаи ҳамин мардон буд. Ӯ барои якшаба роҳате, ки аз қиморбозӣ ба ӯ мерасид, агар чашми бародаронам намебуд, ҳатто модарамро ҳам ба гарав гузошта, ҳаловат мебурд. Шабе падарам бо дӯсти сарватманди худ қиморбозӣ мекунаду пас аз тамом шудани маблағ дар сари қаҳру ғазаб бо васвасаи ҷӯраҳои беимонаш маро ба гарав гузошта, бозӣ мекунад. Ӯ фикр мекунад, ки бо ин роҳ тамоми пулҳои аз даст рафтаашро бармегардонад. Аммо тираш хато мехӯраду маро ҳам ба он марди шастсола мебозад. Пас аз тамом шудани бозӣ падари майзадаву қиморбозам аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки пагоҳ дар вақти дар хона набудани бародаронам омада, маро бубарад. Он мард розӣ шуда, ба хонааш бармегардад.

Ман он замон 18-сола будаму аз чизе хабар надоштам. Тақрибан соатҳои 10-и рӯз буд, ки дарвоза тақ-тақ шуд. Дар хона ҳатто модарам набуд. Рӯймоламро аз назди тиреза гирифта, ба сарам пӯшидаму давида, дарвозаро кушодам. Назди дарвоза як марди сару либосаш зебо, хушсурат бо табассуми гарм меистод. Ман ҳам сӯяш хандида, “хуш омадед, амакҷон” гуфтам. Мард хандаи баланде карду гуфт:

-Чӣ қадар забони ширину духтараки зебое!

Мард баъд аз ҳолу аҳволпурсӣ гуфт:

-Марям! Агар рӯзе дар хобат бубинӣ, ки падарат туро дар қимор бозидааст, чӣ кор мекардӣ?!

Аз шунидани ин сухан пай бурдам, ки падарам маро ҳам ба гарав гузошта, бой додааст. Оҳи сарде кашидам, беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуду гуфтам:

-Ҳеҷ тааҷҷуб намекардам, чунки медонистам, ки рӯзе ин ҷумларо мешунавам!

Мард бо дидани гиряҳои бесадои ман оҳи сарде кашиду аз назди дарвоза “хуш бимон, нозаниндухтарам” гуфта рафт. Ман бошам, ба хонаи дарун даромада, сахт гиря кардам, ки наход падар духтарашро фурӯшад ва як ҳафта бемор шудам. Дигар ба рӯйи падарам нигоҳ намекардам.

    Арӯсии маҷбурӣ

Рӯзе ҳангоми хӯроки шом ин мард бо ҳамсараш ба хонаамон омаданд. Ман аз тарс ба худ мепечидам, ки маро бурдан мехоҳанд. Лекин модарам шодикунон омада, ба ман гуфт, ки “онҳо ба хостгории ту омадаанд ва падарат розигӣ дод”. Аз шунидани ҷавоби падарам ҳеҷ тааҷҷуб накардам. Лекин аз рафтори он мард ҳар рӯз тааҷҷубам бештар мешуд. Ӯ барои ман чӣ расму русуме, ки барои як наварӯсак лозим буд, муҳайё намуд. Маблағи аз ҳама қимматро барои маҳри ман ба модарам доданд. Ҳамсараш маро ба оғӯш кашида, чун фарзандаш навозиш мекард. Ба ангуштам ангуштарини қимматбаҳое пӯшониданд. Ҳафтаи тӯямон домод, ки дар мамлакати Русия таҳсил мекард, баргашта, бароям гарданбанди зебое ҳадя кард. Ҷавони зебо, таҳсилкарда ва нисбати занҳо эҳтироми хосае дошт. Тӯямон ончунон бодабдаба гузашт, ки гумон мекардам ин ҳамаро дар хоб медида бошам.

Пас аз баргузор гаштани тӯйи арӯсӣ зиндагиямон хело хуб ҷараён гирифт. Ман барои хусурам духтар будам, на келин. Аз ин зиндагӣ соҳиби ду писарча шудам. Лекин касе дар оила ба ҷуз ману хусурам намедонист, ки маро падарам дар қиморбозӣ бохтааст. Ин мард аз падарам дида, барои ман азизтар буд. Ман ҳатто фаромӯш карда будам, ки падарам маро фурӯхта аст. 

Ҳақиқат фош гардид

Рӯзе шавҳарам бо рафиқонаш ҷамъ меоянду сухан аз боби маҳри духтарон меравад. Яке аз ҷӯраҳои шавҳарам бо садои баланд мегӯяд, ки дар ин ҷо танҳо яке аз мо бурд кардааст, ки занашро падараш дар бозии қимор бохтаасту падараш ӯро оварда, ба оғӯши писараш партофтааст ва баъд ҷониби шавҳари ман ишора карда мегӯяд:

-Ҳамин хел нест, Амирҷон?!

Он рӯзҳо хусурам аз олам гузашта буд ва шавҳари аз ғазаб кӯршудаи ман аз он ҷо баргашта, ҷӯёи ҳақиқат шуд. Ман дар ҷавоби суоли шавҳарам “ин гап ҳақиқат дорад” гуфтам. Ӯ маро то сер шуданаш лату кӯб карда, таҳқирҳои болохонадор карду баромада рафт. Пас аз он шаб аз ӯ дигар хабаре нашуд. Баъд аз чанд муддат писаронамро гирифта, ба хонаи падарам омадам. Дар хонаи падар барои ман ҷой набуд, ҳатто хонае набуд, ки бо кӯдаконам хоб кунам. Маро дар долони хонаамон бо ду писарчаам, ки яке 5-сола ва дигарӣ 3-сола буд, ҷой карданд. Либосҳоямон баъзе дар мехҳо овезону баъзеи дигар дар қуттиҳо буд. Рӯзе набуд, ки бо таънаю кинояҳои янгаҳоям бегоҳ нашаваду шабам бе гиря саҳар шуда бошад. Ҳавои берун торафт хунук шудан гирифту ҷои зисти мо ҳам чун берун хунук шуд. Дар фасли тирамоҳ ҳосилро ғундошта, дар як қисми ҷои хобамон себҳоро оварда рехтанд. Як зимистонро бо ҳамроҳии ду кӯдаки хурдсол баҳор кардему писарчаи дуюмам ба бемории шуш гирифтор шуд. Кӯдаки хурдиям, ки ҳамеша пасмондаи хӯроки кӯдакони бародаронамро мехӯрд, ончунон лоғару заиф буд, ки аз сурфаҳои паси ҳам аз ҳалокат рафта, бо ангуштонаш дастамро сахт дошта, бо ҳасрат ба ман менигаристу гӯё гуфтан мехост:

-Оча, кош ба дунё намеовардиям!

Билохира, писаракам аз дунё гузашт. Пас аз ин воқеа дили бародари калониям ба ҳолам сӯхта, писари калониамро ба назди зани дуюмаш, ки аз ӯ фарзанд надошт, бурда монду маро бо худаш ба Русия бурд. Шабҳои берун аз Ватан дар муҳоҷират то субҳ бо пухтани самбӯса мегузашту барои фарзанди аз дастрафтаам хун мегиристам.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД