ИДОМААШ...
Дар ёди фарзанд
Бо вуҷуди ҳама сахтиҳои ғарибӣ меҳнат карда, дар ватан барои фарзанди ягонааам хона харидам. Баъди хатми донишгоҳ ӯро бо духтараки зебое хонадор кардам.
Дӯстони нониям боз баргашта, иддаои ҷонӣ буданро мекарданд. Фикр мекардам, ки ин ҳама сахтиҳо аллакай ба поён расидааст. Аммо рӯзи сахттар аз ин ҳам будааст. Пас аз марги писарчаи хурдиям ман ба мардони дунё ончунон нафрат кардам, ки дигар зинда ё мурда будани шавҳарам бароям аҳмияте надошт. Танҳо ҳамин қадарашро медонистам, ки ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад. Вақтҳои охир ҳеҷ хоҳиши кор карданро надоштам, аз ҳамин хотир, парастории як писараки хурдакаки тоҷикро, ки маъюб буд, ба уҳда гирифта, то чанд моҳ барои нигоҳубинаш розӣ шудам. Рӯзи аввали корӣ ба хонаи писарак рафта, дидам, ки модараш 20 сол аз ман калонтар буду доим шароб нӯшида, хоб мерафт. Маро падараш, ки шабҳо аз кор ба хона меомадааст, барои нигоҳубини фарзандаш даъват карда будааст.
Вақте бо кӯдак, ки дар аробачаи маъюбӣ менишаст, рӯ ба рӯ шудам, ҳуш аз сарам парид. Ӯ он чунон ба писараки хурдии ман монанд буд, ки гумон кардам, писарам дубора зинда шудааст. Ман барои писарак хӯрок омода кардам, бо ҳам суҳбат кардем, то шаб бозӣ кардему бо якдигар одат кардем. Лекин аз модари майзадааш дараке набуд. Шаб писарак хобиду ман дар паҳлӯи кати хобаш нишаста, ӯро тамошо мекардаму барои писари худам, ки дардам аз нав шӯълавар шуда буд, гиря мекардам. Баногоҳ дари утоқамон боз шуду марде ба ман нигарист, ки ҳеҷ интизори диданашро надоштам. Он мард ҳамон шавҳари мағрури ман буд. Бо дидани ӯ нигоҳҳои шаби аввали арӯсӣ пеши назар омаду тамоми баданамро сардӣ фаро гирифт. Хостам аз хона берун шавам, ки ҳамсараш дар рӯ ба рӯямон пайдо шуд.
Шавҳарам гуфт:
-Шинос шавед, ин хоҳари ман- Марям!
Шунидани ин ҷумла маро бори дигар кушт. Шавҳарам дар пеши чашми ман занашро суханҳои ширин гуфта, бӯсакунон ба хонаи хобаш бурд. Зан ончунон маст буд, ки ҳатто ба гапи шавҳарам аҳамияте ҳам надод. Ман, ки пули моҳонаро пешакӣ гирифта будам, роҳи ба оқиб баргаштан надоштам.
Муш дар қафас
Дар хона ба ҷуз писарак боз як муши дигаре ҳам буд, ки ман ба ӯ ғизо медодам. Дилам ба он муши дохили қафас ончунон месӯхт, ки чанд маротиба хостам раҳояш кунам. Лекин зани шавҳарам аз писараш дида, ба он муш аҳамияти зиёд медод. Ман оҳиста-оҳиста ба кӯдак меҳр бастам. Ӯро чун писараки хурдиям дӯст доштам. Маблағе, ки барои нигоҳубини кӯдак ба ман медоданд, дигар нагирифтам. Танҳо як чизро мушоҳида кардам, ки ҳар сари моҳ зани шавҳарам гум мешуд ва баъд аз баргаштан ғизои мушро худаш медод. Худи ҳамон бегоҳ шавҳарам дасту пойи ӯро мебусид. Барои ман зинда ё мурда будани онҳо аҳамият надошт. Танҳо кӯдак бароям муҳим буд, ки ӯ ҳам мисли ман аз ҳар дуи онҳо безор буд. Эҳсос мекардам, ки шавҳарам чизе аз мо дар ёд надорад. Чашмонаш кӯр шуда буданду мисли ақлбохтагон рафтор мекард. Ман давоми ин солҳо гумон мекардам, ки ӯ хушбахт асту нисбаташ нафрат доштам. Лекин тақдир ба ман нишон дод, ки аз ӯ дида нафари бадбахттаре вуҷуд надорад. Фурсати ба ватан баргаштан ҳам фаро расиду ман писаракро ба тамошо бурда, муши қафасро ҳам бо худ гирифтам. То наздикии бегоҳ вақтро хуш гузаронидем, акси хотиравӣ гирифтем. Мушро аз қафас раҳо кардему писаракро ба хона овардам. Баъдан як дугонаамро вобаста кардам, ки ӯро нигоҳубин кунад ва хайрухуш карда, ба роҳ баромадам. Ба ватан баргаштам, лекин барои он кӯдак шабҳо гиря мекардам. Гумон мекардам, ки фарзандамро дубора аз даст додам.
Пас аз 14 рӯз занги дари хонаам садо дод. Дарро кушодам, шавҳарам бо ҳамон писараки маъюбаш пушти дар истода буданд. Ба чашмони худ бовар намекардам. Шавҳарам аз ман хоҳиш кард ҳади ақал кӯдакро қабул кунам. Ман бо дилу ҷон пазируфтам. Ӯро ба назди табибони машҳур бурда, муолиҷа кардам. Писарам роҳгардон шуд. Ӯ маро модар мегӯяд. Баъдтар дарак ёфтам, ки баъд аз раҳо шудани муши қафас чашмони шавҳарам ҳам кушода мегардаду ману писаронамро ба хотир оварда, аз андуҳи зиёд ба кашидани сигору хӯрдани шароб сар мекунад. Рӯзе ба сари ҳамсари зебояш, ки ҳамсинну соли модараш буд, даст мебардорад. Зан дар ғазаб шуда, писару падарро аз дар берун карда, мегӯяд:
-На худат лозим ҳастӣ, на фарзанди ноӯҳдабароят!
Пас аз ин воқеа ман боз шавҳарамро қабул кардам, ба ӯ иҷозат додам, ки набераи аввалинамонро ба оғӯш бигирад. Лекин ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, ки як хатои падарам ин ҳама азобу ноҳақиҳоро ба сарам овард.
Хандазеби...
АНҶОМАШ...