...Рӯзе ҳангоми хӯроки шом ин мард бо ҳамсараш ба хонаамон омаданд. Ман аз тарс ба худ мепечидам, ки маро бурдан мехоҳанд.
Лекин модарам шодикунон омада, ба ман гуфт, ки “онҳо ба хостгории ту омадаанд ва падарат розигӣ дод”. Аз шунидани ҷавоби падарам ҳеҷ тааҷҷуб накардам. Лекин аз рафтори он мард ҳар рӯз тааҷҷубам бештар мешуд. Ӯ барои ман чӣ расму русуме, ки барои як наварӯсак лозим буд, муҳайё намуд. Маблағи аз ҳама қимматро барои маҳри ман ба модарам доданд. Ҳамсараш маро ба оғӯш кашида, чун фарзандаш навозиш мекард. Ба ангуштам ангуштарини қимматбаҳое пӯшониданд...
Мубориз Усмонов: Ҷои оила дил аст, на интернет!
... Ба гуфтаи овозхон, мухлисонаш ба шабакаҳои иҷтимоии ӯ барои хабардор шудан аз навгониҳояш ворид мешаванд, на барои тамошои аксҳои оилавиаш. Мубориз Усмонов оиладор ва падари ду фарзанд мебошад. Духтараш Азалия моҳи майи имсол 3-сола шуд ва писараш Бориз бошад, моҳи сентябр 2-сола мешавад. Ҳамсари Мубориз то ба шавҳар баромаданаш дар яке аз телевизионҳои давлатӣ фаъолият дошт, аммо баъди оиладор шудан, якбора аз телевизион канор рафт. “Ман марди озодфикр ҳастам ва ҳатто худам пешниҳод кардам, ки агар хоҳад, метавонад кор кунад, аммо ӯ инро намехоҳад”...
Арӯс аз “трасса”
...Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ набуданд, аз ҳамсояҳоямон низ касеро намешинохтам. Ҳар гоҳе ба ноҳия биёям, як ҳафта аз аҳволи зану фарзандам қариб, ки бехабар мемондам. Телефони хонагӣ доштем, вале он гоҳ кор мекарду гоҳи дигар не, баъзан аз почта рафта телефон мекардам, баъзан не. Як ҳафта дар деҳа будаму ҳушу ёдам дар шаҳр, дилам сип –сиёҳ буд, дигар охири ҳафтаро нигоҳ накарда, корҳоро ба ҷиянам, ки дасти ростам буд, супорида ба шаҳр рафтам. Зеро телефон ҳам ҷавоб намедод, дари хонаамон мӯҳр зада махкам буд. Чун дари ҳамсояи паҳлӯро задам, гуфт, ки аз нозири минтақавӣ пурсон шавам...
Ошиқонро моҳи август чӣ интизор аст?
... Дар ин моҳ ба нафаре ошиқ мешавед, ки дар сина ба ҷои дил санг дораду ба қадри ишқу муҳаббат расида наметавонад. Агар аз душвориҳо натарсида, худро бо тамоми ҳастӣ фидои ин сангдил намоед, эҳтимол, дилашро ба худ моил гардонида тавонед, вале дар ин раванд чандин маротиба сар ба назди пояш гузоштанатон лозим меояд...
Дар оғӯши мӯйсафед
...Духтарони ҳамсоли ӯ мактабро хатм карда, як-як ба шавҳар баромадан гирифтанд, аммо падару модари Ҳусноро ҳамоно мағрури ҳусну ҷамоли духтарашон шуда, талабгорони ӯро аз паси дар ноумед мегардонданд. Духтар дар қалб ҳазор орзую умед дар хона гӯё зиндонӣ буд. Ӯ ҳатто ба тӯйи дугонаҳояш рафта наметавонист. Солҳо мегузаштанд. Акнун хостгорони духтар мисли пештара ба хонадони онҳо намеомаданд. “Духтарашон шояд ягон айб дорад, ки падару модараш садди роҳи хушбахтии ӯ мешаванд” мегуфтанд одамон...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 30-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 4-уми августи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!