Sebiston new 2024 october
Падарам худашро овехту… Қисми 2
1503

 

-Марҳабо, ман наметавонам ба холаам бигӯям, ки ин корашон хуб нест. Амакамро бисёр азоб медиҳанд, хуб мешуд, шумо духтарон сарҷамъ шуда, ба вай фаҳмонед.

Ростӣ, ман аҳволи амакамро дида, дилам месӯзад, хонагурезу дарундору камгап шудаанд.

Ман инро ба апаҳоям гуфтаму якҷоя ба хабаргирии волидонам рафтем, падарам хурсанд шуданд аз омадани мо, модарамон низ. Сари дастархон дидам, ки модарам бо падарам гап намезананд, чун он кас хеста рафтанд, ман гуфтам:

-Оча, айб аст, пир шудед, наход бо падарам қаҳрӣ кунед?-ӯ бо овози гирифта гуфт:-Нафақа баромадам гуфта, кор намекунад дигар, ҳоло асп барин бақувват аст, рафта кор кунад,-дар ҷавоб гуфтам:

-Ҳеҷ гап не, аз давлати писаронаш хӯрда мегардад, баъд нафақаи хуб мегираду ҳама кори боғро мекунад, пораи нонашро ҳалол карда мехӯрад,-модарам асабӣ шуда,- ту маро насиҳат накун гуфт,- янгаам тарафи маро гирифту ӯ бо ҳамаи мо ҷанг карда, қаҳр карда, ба хонаи худаш даромаду то рафтани мо аз он ҷо набаромад. Падарам бо мо хайрухуш карданд, аҷаб нигоҳаш маҳзун буд. Беихтиёр ба оғӯшаш гирифтаму аз рухсораҳояш бӯсидам, ӯ ҳам аз пешонаи ман бо меҳр бӯсид. Мо хомӯш хайрухуш кардем, гумон кардам падарам гуфтаниҳои зиёд дорад…

                                       Фоҷиа

Шавҳари ман корманди милиса аст ва мо дар маркази ноҳия зиндагӣ мекардем. Шавҳарам ҳамдеҳаамон буд, чун дар оилаи онҳо панҷ писар ҳастанд, чор писарро ҷудо карданду хонаву дари падарӣ ба ҳевари калониям монд. Ман ду писарча дорам ва зиндагиямон хуб ҷараён дошт, шавҳарам маро сахт дӯст медошт.

Рӯзи дигар субҳи барвақт ӯро ба кор гусел кардаму писаронамро ба мактаб, акнун ба ғундоштани дастархон сар карда будам, ки телефонам занг зад, аз он тарафи гӯшӣ апаи калониям фарёд мезад:

-Париноз, отаҷонам худашро овехтааст…- Дари хонаро кушода монда, давдавон ба ҷойи кори шавҳарам рафтам, намедонам кӣ ва маро чӣ хел ба деҳа бурдааст. Пушти дарвозаи падарам пури одам буд, падарамро духтурон омада муоина карданду баъд мо медонистему нолиданамон. Модарам дар гӯшаяке хомӯш менишаст…

Падарамро гӯрониданду ман шабона келинамонро ба ҷону ҳолаш намонда, пурсидам, ки чӣ гап шуд? Фаҳмидам, ки модарам бо падарам ҷанг карда, ба ӯ мегӯяд, ки “ту хирс барин бардамӣ, рафта дар ягон корхона қаровул шав, мегардӣ саланг-саланг аз пушти гову мол”. Бародарам ба модарам мегӯяд, ки “оча, ба ҳолаш мон падарамро, ҳама гову молу боғу роғ дар гарданаш, баъд ман номусе надорам, ки падарам рафта посбон шаванд. Мо худамон кор мекунем, ин кас ба шумо чӣ тангӣ кардааст?” Чун бародарам ба кор меравад, ӯ дар як корхона муҳосиб аст, модарам оташи моҷароро фурӯзон мекунад, падари босабрам чӣ гапе мегӯяду ӯ калушашро тарафи падарам ҳаво медиҳад. Падарам ҳамон шаб худашро меовезад, ин гап овоза шуд, милисаҳо модарамро хеле пурсуҷӯ карданд, вале баъдтар ҳама тинҷ шуда рафт…

Ман то имрӯз бо модарам гап намезанам, ӯро бемории қанд аз по афтондааст, чашмонаш хира шудаанд, аммо наметавонам ба хонаамон равам. Шавҳарам, ҳамеша ҷангам мекунад, ки модар модар аст, аммо наметавонам. Падарам худашро овехту ман бо модарам бегона шудам, бале дилам ба ӯ месӯзад, аммо ӯро бахшида наметавонам…

                                                               Париноз

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД