arzon replenishment
ПАДАРАМ ФАҲМИД, КИ БЕ ДУОИ Ӯ НИКОҲ ШУДААМ....
16.01.2021
Р. Азимӣ
6632

 

Дилбар ном дорам. Мактабро хатм намуда, қатори ҳамсинфонам ба шаҳр омадаму ба колеҷ дохил шудам. Аз рӯзи аввали хониш ҷавоне аз пасам кашола шуд. Ҳар рӯз то дари донишгоҳ аз пасам омада гап мепартофт, вале ман ба суханҳояш аҳмият намедодам. Қасам болои қасам мехӯрд, ки дӯстам медорад. Бовар накарда дашномаш медодам.

Пас аз ба хона баргаштан пушаймон шудам ва аҳд намудам, ки баробари сар шудани соли нави таҳсил ҳамон ошиқбачаро меёбаму ишқашро қабул мекунам. Ҳафтае пас тасодуфан дар шаҳр ҳамон ҷавонро аз дур дидам ва табассумкунон сӯяш давидам, вале вай бо нафрат рӯй тофт. Дасташро дошта гиряву зорӣ намудам, ки аз гуноҳам гузарад. Силтав зада дасташро раҳо кард ва ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Бо дили зору чашми гирён ба хона баргаштам. Аз байн қариб ду моҳ гузашту соли таҳсил сар шуд. Рӯзе дар роҳи донишгоҳ садое аз пасам баланд шуд: «Ист, ба ту гап дорам!» Ба шаст қафо гаштаму ҳамон ҷавони ошиқро дида, хурсанд шудам. Вай гапро ғоз надода, гуфт:

{{block}

-Ба хонаатон хостгор фиристода туро ба занӣ гирифтан мехоҳам.

Розигӣ дода, нишонии хонаамонро додам ва мо рӯзи хостгориро таъйин намуда, хайрухӯш кардам. Ҳафтае пас хостгорони Сомон дарамонро кӯфтанд, вале падарам «ман ба одамони ношинос духтар намедиҳам» гуфта навмед гуселашон кард. Аз ин кори падарам сахт ранҷидам, вале ошкоро исён карда наметавонистам. Сомон маро дилбардорӣ карда, пешниҳод намуд, ки пинҳонӣ никоҳ карда, зану шавҳар шавем. Азбаски сахт дӯсташ медоштам, розӣ шудам. Хонаеро иҷора гирифтем ва мулло оварда никоҳ кардему шабро дар оғӯши якдигар саҳар намудем. Хушбахттарин зани дунё будам он шаб ва ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падарам ин гапро шунавад, чи мегуфта бошад. Хулоса, баъди шавҳардор шудан колеҷро партофтам. Сомон хоҳ нохоҳ ин гап як рӯз не, як рӯз овоза мешавад гуфта маро ба деҳа ба хонаи падарам бурд ва зану шавҳар шуданамонро нақл кард. Падарам ба ғазаб омада шавҳарамро чанд мушт зад ва ҳардуямонро аз хона пеш кард. Ноумед ба шаҳр баргаштему то ҳол интизорем, ки кай падарам гуноҳамонро мебахшида бошад.

Дилбар, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД