Formula novemver 2024
Падарам ба духтари доғистонӣ ошиқ шуду...
24.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1144

Салом! Номи ман Беҳрӯз, зодаи Раштонзамин ҳастам. Муддати шаш моҳ мешавад, ки дар Русия сарсону саргардон гаштаам. Дигарон дар Русия пул кор карда, шароити зиндагиашонро беҳтар созанд, ман пули зиёдеро сарф карда, шаҳр ба шаҳр мегардаму падарамро ҷустуҷӯ мекунам.

Падари ман 10 сол пеш ба Русия омада буд. Хонаи бобоям ба писари хурдӣ. яъне ба амакам расида, падари ман бо нияти пул кор карда, хона сохтан ба Русия мардикорӣ омада будааст. Аз рӯйи нақли модарам солҳои аввал кам-кам пул равон мекардааст, вале баъд бе ному нишон шуда, дигар на занг зад ва на як тин пул равон кард. Баъзе шиносҳояш мегуфтанд, ки падарам дар Русия зани ҷавону зебо гирифта, моро фаромӯш кардааст. Аз рӯйи овозаҳо зани падарам доғистонӣ будааст.

Ростӣ овозаҳои шунидаамон то куҷо асос доштанд, намедонам, вале 8-9 сол мешавад, ки аз падарам ягон хату хабар нест. Бечора модарам як зани одди деҳотӣ аст, на савод дорад, на касбу ҳунар ва на пуле моле дошт, ки ба ҷустуҷӯи шавҳараш равад.

Хулласи калом, модарам дар дари хонаи мардум хизматгорӣ карда, бо садҳо азобу машаққат мо-чор фарзандро калон кард. Фақат роҳи падарамро мепоид, аммо роҳпоиҳояш ягон натиҷа надоданд.

Ҳамин тавр ман мактаби миёнаро хатм намудам ва аз ҳаққу ҳамсоя қарз гирифта, чиптаи ҳавопаймо харидаму ба Русия омадам, то ки падарамро кофта ёбам. Модарам аз он ҳарос дошт, ки падарам дар мулки мардум яккаву танҳо мурда намонад. Ин мард ба ӯ чандон шавҳарӣ накарда бошад ҳам, модарам мехост қарзи худро ҳамчун зани мусалмон ба ҷо оварда, шавҳарашро дар дами пирӣ кофта ёбад ва ба қавле соҳибӣ кунад. Ман ба хотири ашки чашмони модарам ба тамоми суроғаҳое, ки ошноҳои падарам дода буданд, рафтам, аммо аз падарам ягон ному нишоне наёфтам. Аксҳои падарамро ҳатто ба роҳгузарон нишон медиҳам, вале гӯё замин ӯро ба комаш фурӯ бурда бошад, касе дар борааш чизе намедонад. Ба касе сураташро нишон надиҳам, китф дарњам кашида «надидаам» мегўяд ва даст афшонда гузашта меравад. Метарсам, ки аз рӯйи зани ҷавонаш падарамро дар куҷое кушта напартофта бошанд.

Ростї аз сарсонию саргардонӣ ва кофтукобњои бефоида ҷонам ба лабам расидааст, вале шарм медорам, ки дасти холӣ ба хона баргардам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

БЕҲРӮЗ, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД