Мегӯянд, ки падар сутуни хонадон аст. Мегӯянд, ки духтар барои падар ҳамеша азиз мемонад. Вале ман аз кӯдакӣ фаҳмидам, ки на ҳар падар дар ҳақиқат падар мешавад.
Аз рӯзе, ки худро шинохтам, падарам барои ман «бегона» буд. Марде, ки номашро медонистам, чеҳраашро мешинохтам, вале меҳрашро эҳсос намекардам. Ӯ марди доро буд, зиндагии хуб дошт, аммо аз он ҳама дороӣ ба мо чизе намерасид. Ман ҳам ҳеҷ гоҳ аз ӯ пул намехостам. Барои ман бештар аз пул як нигоҳ, як сухани гарм, як бор «духтарам» гуфтанаш муҳим буд.
Падарам аз модарам ҷудо шуда, баъдан оилаи дигар сохт. Аз ҳамон вақт робитаи мо қариб тамоман канда шуд. Ман кӯдак будам ва бисёр чизҳоро намефаҳмидам. Танҳо медонистам, ки дигар падар ба хона намеояд.
Модарам зиндагиро танҳо пеш мебурд. Ҳама бори рӯзгор бар дӯши ӯ буд. Барои он ки ман аз дигарон кам набошам, шабу рӯз заҳмат мекашид.
Замоне ки мактабхон будам, модарам маҷбур шуд барои гирифтани алимент ба суд муроҷиат кунад. Вале падарам ҳатто аз ҳамин масъулияти одии падарӣ ҳам канораҷӯӣ мекард.
Он рӯзҳо ман азобу даводави модарамро дида мегуфтам:
- Модарҷон, дигар ба суд нарав… Пули ӯ ба мо лозим нест…
Ин суханҳоро мегуфтам, вале дилам месӯхт. Зеро ман аз падарам пул намехостам, балки таваҷҷуҳ ва меҳри падарӣ мехостам.
Солҳо гузаштанд. Ман калон шудам, таҳсил кардам, ба шавҳар баромадам ва зиндагии мустақилонаамро оғоз кардам.
Ҳатто рӯзи тӯям ҳам умедамро аз даст надода будам. Ба ҷойи кораш даъватнома бурдам. Илтимос кардам, ки биёяд. Гуфтам:
- Падарҷон, ақаллан дар ҳамин рӯзи ман шарик бош!
Аммо наомад.
Он рӯз миёни садҳо меҳмон чашмам ӯро меҷуст. Ҳар бор дар кушода мешуд, дилам меларзид. Фикр мекардам, шояд омад. Вале наомад.
Умедамро...
Чанд сол гузашт. Як рӯз телефонам занг зад. Рақам бароям ношинос буд. Гӯширо бардоштам.
- Ало?
Аз он тараф овози мардона шунида шуд:
- Духтарам, ин туӣ? Ман... падарат.
Лаҳзае чизе гуфта натавонистам.
Солҳо буд, ки мунтазири ҳамин овоз будам.
- Падар... шумоед?
- Ҳа. Мехоҳам бинамат. Метавонам ба хонаат биёям?
Гиряам омад.
- Биёед, падарҷон. Ман ҳамеша мунтазири шумо будам.
Ӯ омад. Гӯё пинҳонӣ меомад. Дар симояш дигар он марди худписандеро, ки дар кӯдакӣ аз дур медидам, намешинохтам. Солҳо чеҳраашро дигар карда буданд. Вақте маро дид, чашмонаш пур аз ашк шуданд.
- Маро бубахш, духтарам, - гуфт ва маро ба оғӯш гирифт. - Ман дар ҳаққи ту ҷафо кардам.
Ман дигар худро нигоҳ дошта натавонистам.
- Ман аз шумо чизе намехоҳам, падарҷон. Ҳамин ки омадед, барои ман бас аст.
Ӯ даст ба ҷайб бурда, як миқдор пул баровард ва ба рӯйи миз гузошт.
- Инро гир. Ман ҳеҷ гоҳ ба ту ёрӣ накардам. Бигзор барои кӯдаки навзодат туҳфа бошад. Пули калон нест, вале аз таҳти дил аст.
Он маблағ барои ман муҳим набуд. Муҳим он буд, ки ин аввалин туҳфаи падар дар тамоми зиндагии ман буд.
Мо соатҳо суҳбат кардем. Аз гузашта гуфтем. Ашк рехтем. Ман фикр кардам, ки шояд дер бошад ҳам, меҳри падарӣ дар дилаш бедор шудааст.
Шояд, фикр кардам, аз ин ба баъд соҳиби падар мешавам. Аммо ин хушбахтӣ ҳамагӣ як ҳафта давом кард.
Телефон боз занг зад.
Ман бо хурсандӣ гӯширо бардоштам:
- Ассалому алайкум, падарҷон!
Аммо овози он тараф дигар буд. Сард. Бегона. Бераҳм.
- Ман аз омаданам пушаймонам. Он пулро ба ман баргардон.
Фикр кардам, нодуруст шунидам.
- Чӣ гуфтед?
- Он пулро баргардон, ки ҳамсарам ва фарзандонам маро азият медиҳанд... Дигар мо мулоқот ҳам намекунем...
Ва гӯширо гузошт.
Он лаҳза эҳсос кардам, ки чизе даруни ман шикаст. Ин умеду орзуям буд.
Бо ашки талх, ОЗОДА