Formula novemver 2024
Падар насабашро ба фарзандаш додан нахоҳад чи бояд кард?
735

Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат

98-517-02-21 занг занед.

Савол
Бо шавҳарам никоҳи мусулмонӣ дорам, никоҳамон дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта нашудааст. Як кӯдак дорам, мехоҳам, ки ба фарзандам бо насаби шавҳарам шаҳодатномаи таваллуд гирам, аммо шавҳарам насабашро ба кӯдак надода истодааст. Ба куҷо муроҷиат кунам?
Аҳдномаи никоҳ чист ва он кай дар байни ҳамсарон баста мешавад?
Зарофат, шаҳри Ваҳдат.

Посух
Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад. Бо ҳамин асос, ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оиди муқаррар намудани падарӣ ба суд муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД