Мо фарзандони марди сарватманд будем, аммо зиндагии сахтеро пушти сар кардем. Модарам дар бозор фатир пухта мефурўхту ман донаи офтобпараст, додарам бошад, халтаҳои селофанӣ. Сардори бозор аз зиндагии сахти мо огаҳ буду ба зердастонаш мефармуд, то ба мо кордор нашаванд.
Борҳо мехостам як қаламкашеро ёбаму қиссаи бемеҳрии падарамро нақл кунам, то онро нависад, аммо модарам сахт сарзанишам карду ман аз ниятам гаштам. Аммо имрўз, наметавонам онро нанависам, зеро дунё косаи гардон будааст…
Гаҳворабахш
Падару модари ман гаҳворабахш будаанд, модарам дар ин мавзуъ ҳарф заданро дўст намедорад, аммо бибии модариям онро борҳо бо рангу бори тоза нақл карда буд. Бибию бобоҳои ман ҳамсояҳои наздик ва қадрдон будаанд. Вақте модарам таваллуд мешавад, модари падарам ба хонаи онҳо омада, писари яксолаашро дар гаҳвораи модарам мебандаду мегўяд, ки акнун инҳо гаҳворабахш шудаанд ва духтаратро хоҳӣ нахоҳӣ, ба писари ман медиҳӣ. Онҳо қад кашида, ба воя мерасанд, дар авлоди модарии ман хондани духтарон он вақтҳо қатъиян манъ будааст. Хайрият, ҳоло холаву тағоҳоям барои таҳсил кардани духтаронашон иҷозат медиҳанд. Падарам ба донишгоҳ дохил шуда, мехонаду модарам интизори роҳи ў мемонад. Ҳангоми дар курси дувум хондани падарам, онҳоро тўй мекунанд, арўс дар деҳа мемонаду домод ба шаҳр меояд. Модарам даҳ сол дар деҳа мемонад. Падарам донишгоҳро хатм карда, соҳиби кору манзил мешавад, аммо ҳеҷ не модарамро бо ману бародарам ба шаҳр биёрад. Модарам моҳе як бор, баъдҳо дар ду-се моҳ шавҳарашро мебинад. Рӯзе аз шаҳр овоза меравад, ки падарам ин ҷо ба бадгардӣ машғул аст ва волидонаш ӯро маҷбур мекунанд, ки зану фарзандонатро ҳамроҳат бар. Ў наметавонад аз фармони волидонаш сарпечӣ кунад.
Қишлоқии шаҳришуда
Мо падарамонро дер-дер, ки медидем, ба ў чандон меҳр надоштем, ба шаҳр омадему дар аввал хеле зиқ шудем. Баъд аз ҳавлии калони зебои кушоди бобоям дар ин хонаи дуҳуҷрагии танг хеле нороҳат будем. Баъдҳо одат кардем, баъд падарам ҳавлии калони зебо харид, аммо моро ба он ҷо набурд. “Ман дар ҳавлӣ кор мекунам” гўён, баҳона кард ва дигар вазифаашро дар назди мо дар овардани хўрду хўрок медонисту халос. Ду сол ҳамин хел идома ёфт, вале баъд падарам дигар умуман назди мо намеомад, модарам шабу рўз мегирист. Азбаски меҳрубонии падарамро ба модарам ягон бор эҳсос накарда будем, ҳайрон мешудам, ки чаро модарам барои ҳамон номеҳрубон мегиряд? Мо намедонистем ин ҷо чӣ сир аст…
Як субҳ модарам дастамро гирифта, сўйи бозор роҳ гирифт, он ҷо бо як тиллофурўш ангуштарии никоҳияшро ба савдо гузошт, чун он зан сабаби фурўхтани чаллаи никоҳияшро пурсид, модарам аҳволи моро нақл кард. Намедонам он зани зебои хушлибос ба модарам чӣ маслиҳат дод, ки мо як халта орд ва каме хўрока харида, ба хона омадем. Рўзи дигар модарам даҳ фатири қад-қад пухта, дар дастархоне печониду рў сўи бозор пеш гирифтем, бо ёрии ҳамон зани зебо нони модарам зуд ба савдо рафт.
Ёвари модар
Ману додарам зиёд мехостем ба модарам ёрӣ расонем, баъдҳо ман донаи офтобпараст мехаридаму онро намак зада, бирён мекардаму назди савдогарҳо рафта мефурўхтам. Додарам бошад, халтаҳои селофанӣ мефурўхт. Модарам ба хондани мо аҳамияти зиёд медод, аз ин рӯ, корамонро баъди дарс мекардем, чун ман синфи шаш шудам, дигар модарам маро ба бозор баромадан иҷозат намедод, кори хонаро мекардам. Додарам ҳам дар як ошхона ба кор даромада, баъди дарс ба он ҷо мерафт. Ман ба хамиру фатири модарам ёрӣ медодам. Чун сардори бозор - марди саховатпеша зиндагии сахти моро медонист, ба зердастонаш гуфта буд, ки ба холаи фатирфурўш кордор нашавед. Баъдҳо модарам соҳиби як дӯконаки оддӣ шуду мизоҷони зиёде дошт, ману додарам ба вай ёрӣ медодем. Солҳо гузаштанд, ману додарам ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем, маро духтари ҳамон зани тиллофурўше, ки ба модарам дасти ёрӣ дароз карда буду баъдҳо наздиктарин дўсти хонадонамон гашт, келин кард. Додарам бошад, ба як духтари ҳамсабақаш ошиқ шуда, бо ў издивоҷ намуд. Падарам ба тўйи мо наомад, аниқтараш зани ҷавонаш ўро нагузошт, ки ба тўйи мо биёяд. Мо бо дуои тағоҳоям ба хонаи бахт қадам ниҳодем. Амакҳоям, “духтари шумо тоқат накарда, ба бозор баромад” гўён, бо хешу табори модарам қаҳрӣ буданд, гўё модари ман аз хурсандӣ ба бозор баромада бошад!
ОЗОДА
Таснифи Нисо ХОЛИД