Sebiston new 2024 october
Озодаҷинниро келин карда, ба гирдоби ғам печидем
3738

Оилаи хушбахт
Дар оилаи даҳ нафари мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд, ҳарчанд солҳои сол дар шаҳр зиндагӣ кунем ҳам, тафаккурамон ба қавли баъзеҳо «қишлоқӣ» боқӣ мондааст. Падару модарам ҳамаи моро хононда, баъд ба зиндагии мустақил гусел карданд ва давлати пирӣ дида, аз ин дунёи дудар бе ормон гузаштанд. Хонаи панҷҳуҷрагии волидонам ба додари кенҷагиямон монд, зеро ӯ бо зану ду фарзандаш дар айёми пирӣ дастгири падару модарамон буд ва хизмати пиру кампирро бо ҷону дил иҷро мекард. Ман нахустфарзанди оила будам, аз ҳамин сабаб пас аз фавти волидонамон ҳама фарзандони падарам чи коре, ки карданӣ шаванд, ҳатман маро ҷеғ мезаданд ё ба хонаам омада маслиҳат мепурсиданд. Мо ҳар моҳ як бор дар ҳавлии падарӣ ҷамъ шуда, ду табақ ош мекардем ва руҳи падару модарамонро бо дуою фотиҳа шод мегардондем.
Мусибат
Ба тинҷию хотирҷамъии мо чашми бад расид магар, ки зани додари кенҷагиам Адҳам ба дарди бедавое печида ба бистари беморӣ афтид. Ҷавонзани сисолаи зебо дар бадали як сол чунон обу адо шуд, ки одами дидагӣ ӯро намешинохт. Мегӯянд, ки ниҳоли умри одам аз дуо сабз мешавад, вале дуоҳои падару модарам низ дар ҳаққи келини қобилу хизматгорашон мустаҷоб нагаштанд. Ёд дорам, ҳар гоҳ ба хабаргирии пиру кампир мерафтам, падару модарам таърифи Сангимоҳро карда «духтари хуб аст, бар падараш раҳмат, моро хор шудан намемонад. Ягон бор гап нагардондааст, мудом бо сари хам аз паси кору бори рӯзгор овора аст, ба баду неки ягон кас кор надорад. Илоҳо садсола шуда роҳати фарзандонашро бинад» гӯён, дар ҳаққаш дуои нек менамуданд, аммо… Духтараш нав дар синфи панҷуму писарчааш дар синфи дуюм мехонданд, ки Сангимоҳи меҳрубону беозори мо мисли гули дар фасли баҳор решакангашта сиёҳпича шуд. Дар марги келини азизамон хуни ҷигар хӯрда, нолаҳои зор-зор кардем, вале афсӯс, ки ҳеҷ касро гиряву зорӣ аз роҳи охират барнагардондааст.
Додарам дар донишгоҳ муаллими таърих аст, бечора субҳ ба кор мерафту шом ба хона бармегашт. Кӯдаконаш рӯзи дароз танҳо буданд. Фарзандони мо, ки нисбаташ калонтар буданд, ба навбат ба хонаи Адҳам рафта ба кору борашон ба бачаҳои бе модари ӯ ёрӣ мерасонданд, аммо саришта кардани хонаи бе зан торафт душвортар мегашт…

Маслиҳати зангирӣ
Пас аз додани сари соли Сангимоҳи ҷавонмарг мо, фарзандони падар ҷамъ шудем, то барои додарамро аз нав хонадор кардан маслиҳат кунем. Ман аз Адҳам пурсидам, ки ягон ҷавонзани шинос дорад, ки барояш хостгорӣ равем, вале сар ҷунбонда гуфт:
-Апа, ман ягон зани қишлоқии бамаънӣ гирифтаниам, то ба фарзандонам модарӣ кунад.
Хоҳарам Гулшан норозиёна ба Адҳам нигариста гуфт:
-Ягон зани шаҳрии хондагӣ бошад, хубтар мешавад.
-Не апа, зани шаҳрӣ бо усмаю сурмаи худаш овора шуда кай парво мекунад, ки бачаҳои ятими ман сер мегарданд ё гушна,-норозиёна даст афшонда якравӣ кард додарам.

Хоҳари раис
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ додари миёнаам Аслам занг зада маро ба хонааш хонд ва дар сари дастурхон нақл кард, ки як ҳамсабақаш сардори корхонаи бузург буда дар қишлоқ хоҳари синну солаш калоне доштааст. Нақли Адҳамро шунида худи «раис» (бародарам ҳамсабақашро чунин ном мегирифт) пешниҳод кардааст, ки хоҳарашро барои Адҳам хостгорӣ кунем. Рӯзи дигар ҳардуямон ба хонаи рафиқи Аслам рафтем. Дар ҳавлии бошукуҳи сеошёнаи раис моро хуб пешвоз гирифтанд. Раис, ки аллакай аз мақсади ташрифи мо огоҳ буд, арӯсшавандаро таъриф карда гуфт:
-Хоҳарам духтари зебои бо дасту панҷа аст, вале дар вақташ хостгорони зиёдеро ноумед карду ҳамин тавр монд. Ҳоло ҳам талабгор дорад, вале дар ин синну сол фарзанддор шуданашро Худо медонад, аз ин рӯ Адҳамҷон беҳтарин интихоб аст. Кӯдакони ӯро нигоҳ карда мегардад…

Зиёфати шоҳона
Мо ин хабарро ба Адҳам расондем ва хостем ӯро ба қишлоқ барои дидани арӯс барем, вале додарам розӣ нашуда гуфт:
-Апаҷон, барои ман фарқ надорад, ки вай чӣ шаклу шамоил дорад, фарзандонамро модар барин нигоҳубин кунад, кифоя аст. Ман раисро хуб мешиносам, ҳамроҳи акаам чанд бор ба хонааш ҳам рафта будам, боварӣ дорам, ки хоҳараш ҳам мисли худаш одами хуб аст…
Ҳамин тавр ману хоҳарам дастовез гирифта ба қишлоқ барои хостгорӣ ва якбора муайян кардани рӯзи тӯй рафтем. Арӯсшаванда Зубайда чилсола бошад ҳам, духтари лоғарандоми сафедпӯсти зебо будааст. Одами дидагӣ ӯро 25-30 сола гумон мекард. Падараш вафот карда, Зубайда ҳамроҳи модари пиру як бародараш дар ҳавлии падариашон зиндагӣ мекардааст. Дар дастурхони оростаи тарафи қудо ғайри ҷони одаму шири мурғ дигар ҳама чиз ёфт мешуд. Модари Зубайда, кампири нуронӣ, ки хонаи худоро зиёрат карда, ҳоҷибибӣ шуда будааст, гаштаю баргашта садқаю балогардони мо мешуд.

Арӯси тиллопеч
Рӯзи тӯйро муайян карда хостем ба дасти модари арӯсшаванда пул диҳем, то духтар мувофиқи табъу завқи худаш либосҳои арӯсиашро харад, вале ҳоҷибибӣ рад карда гуфт:
-Духтарҷонои ман, Адҳамҷон ду кӯдаки ятим дорад, барои муаллим дар ин замона аробаи зиндагиро кашидан кори осон нест. Ман инро хуб медонам. Шумоён ташвиш накашед, мо барои Зубайда он қадар ҷиҳозе ҷамъ карда мондаем, ки ногуфтанӣ! Дигар ягон чиз даркор нест! Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугӯ мо дар ҳалқаи хешу табори наздикамон тӯяки хоксоронае ороста арӯси Адҳамро овардем. модари Зубайда барои духтараш чунон чизу чораи бисёре харида будааст, ки ҳатто ба арӯсакони 18-20 сола он қадар сарфу хароҷот намекунанд. Даҳони ҳаққу ҳамсоя бо дидани арӯси тиллопеч ва ҷиҳозаш воз монду мо нафаси осуда кашидем, ки хонаи додарамон дубора обод гашт, вале…

Озодаҷиннӣ
Пас аз як ҳафтаи тӯй Адҳам наздам омад. Чашмонаш суп-сурх ва авзояш беҷо менамуд. Аз зиндагиаш бо арӯси нав пурсон шудам. Бародарам маҳзунона гуфт:
-Апа, ин Зубайдаатон чандон ҳушёр набудааст-ку! Ман рӯзона дар корам, аммо ҳар шаб се-чор бор оббозӣ мекунад, духтарам мегӯяд, ки рӯзона ҳам аҳвол ҳамин аст. Оббозӣ кардани худаш дарди бахайр, бачаҳоро ҳам маҷбур мекардааст, ки дар як рӯз чанд бор оббозӣ кунанд. Шабҳо хоб надорам, келини ёфтаатон «рав, оббозӣ кун» гуфта ҷонамро ба лаб меорад. Худатон медонед, ки ман ҳар шаб пеш аз хоб душ мегирам, аммо ин барои озодаҷиннӣ кам будааст. Ин хоҳари раис ба ғайр аз оббозӣ кардан дигар ба чизе майлу ҳавас надоштааст. Ба ягон кори хона даст намезанад, хӯрокро чун пештара духтарам мепазад…
Ба Адҳам ваъда додам, ки бо Зубайда маслиҳат мекунам

Девонакасал
Бегоҳ ба хонаи додарам рафтам. Зубайда дар ҳаммом будааст, Гулнора, духтари додарам маро ба хона дароварда дарҳол чой карда пешам гузошт. Эҳсос намудам, ки ҷиянам ҳам ғамгину малул менамояд, додараш аз вай бештар маъюс буд. Пас аз як соат Зубайда аз ҳаммом баромад ва ким-чихел девонавор табассум карда маро ба оғӯш гирифта бӯсид. Намедонам аз чи бошад, баробари ба танам расидани танаш тамоми аъзои баданам якбора виҷиррос зада рафту маро арақи сард пахш кард. Келинро дар рӯ ба рӯям шинонда нав дар бораи шикояти Адҳам сухан сар карда будам, ки якбора чашмонаш беҷо шуданд ва лабонаш пир-пир парида аз даҳонаш кафк сар карду якпаҳлӯ афтид. Ману Гулнора бо дидани ин манзара талхакаф шуда ба зӯр Зубайдаро ба худ овардем. Арӯси чилсолаамон касалии руҳӣ доштааст, барои ҳамин ҳангоми хуруҷ намудани дардаш ба ҳамом медаромадааст, то касе девонаавзоъ буданашро пай набарад. Аз ҳамон рӯз сар шуд оворагиҳои мо…

Қасди худкушӣ
Хонаи додарам дар ошёнаи чорум воқеъ буд. Як шаб Зубайда аз балкон худашро кашол кардааст, агар Адҳам хабардор шуда намебаромадааст, яқин афтида мурданаш мумкин буд. Пас аз ин воқеа бародарам ба ташвиш афтид, ки мабодо дар набудани ӯ зани ҷинниаш боз ҳамон корашро такрор кунад, сари бе ҷанҷолаш дар ҷанҷол монда зиндонӣ мешавад. Вай зориву таваллокунон ба наздам омада хоҳиш кард:
-Ҳанӯз, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст, ин келини таърифии ёфтаатонро бурда ба соҳибонаш супоред, апа! Ман аз рӯйи як ҷиннӣ боқимондаи умрамро дар пушти панҷара гузаронданӣ нестам. Сад сол бе зан мегардаму дигар бо он девона зиндагӣ намекунам…
Дидам, ки гапи Аҳмадҷон дар ҳақиқат ҷон дорад ва аз дасти ин арӯси девонафеъл ҳар кор омаданаш мумкин аст, ваъда додам, ки келинро бо хушӣ бурда дар хонаашон мемонам.

Ҷанҷоли ҳоҷибибӣ
Зубайдаро ба хонаи модараш бурдем ва асли воқеаро ба онҳо гуфтем. Ҳоҷибибии то дирӯз меҳрубон чун хурӯси ҷангӣ ба сари мо хеста гуфт:
-Духтарамро касал карда овардед, шумо чӣ хел одам?!
Ҷанҷоли модарашро дида Зубайда пичиррос зад:
-Оча, ман аз ҳафтсолагиям касал будам, муаллим одами нағз аст, беҳуда ҷанг накунед. Айби ӯ нест, баъди шавҳар кардан аҳволам боз ҳам бадтар шуд, табибатон дурӯғ мегуфтааст…
Аз забони худи Зубайда шунидем, ки фолбине ба модараш гуфтааст «духтаратонро ба шавҳар диҳед, нағз шуда меравад» ва модараш бо умеди шифоёбии ӯ домоди муносиб меҷустааст. Аз ҳамин сабаб худи раис хоҳарашро ба бародари ман пешкаш карда, ягон чиз талаб накарда будаасту мо бехабар. Ҳоҷибибӣ чун дид, ки тамоми сирру асрорашон фош гашт, лаб газида хомӯш шуд ва мо ба хона баргаштем.

Моргазида аз ресмони ало метарсад
Додарам аз зиндагӣ дилхунук шуда мегӯяд, ки дигар зан намегирад. Духтараш имсол дар синфи ҳаштум мехонаду тамоми кору бори хона дар гардани ӯст. Намедонам, шояд вақт ягон рӯз ба дарди дили афгори бародарам даво бахшида, Аҳмадҷони бетақдири мо боз соҳиби бахт мегардад, вале хизмати хирсонаи раис, ки дидаю дониста хоҳари беморашро ба гардани додари бахтбаргаштаи мо бо дурӯғи зиёд бор карда, дилашро аз зиндагӣ боз ҳам сардтар намуд, маро ба ғазаб оварду ин қиссаро рӯи коғаз овардам. Худоё, дар ин дунёи пур аз макру риё ба ҳеҷ кас бовар карда намешудааст…
Иззатмоҳ
Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД