Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки занону духтарони ҳунарманд ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Тавре ки Ғайрат Оқилзода, муовини раиси шаҳри Гулистон гуфт, ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пухтапази тоҷикона, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байн рафта ва баланд бардоштани ҳунари дастархонороӣ мебошад. Кадбонуҳо намудҳои гуногуни нон, хӯрок ва шириниро ба намоиш гузоштанд. Ғолибон аз рӯйи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон муайян ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ширкат варзида, барномаи рангини фарҳангиро пешкаш карданд.