sebiston july new
Ҷойҳои кории холӣ дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик
891


                   Хонандагони азиз!
Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, сомонаи Оила. ТЧ рӯйхати ҷойҳои холии кориро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сару кор дошта пешниҳод менамоянд, нашр менамояд.

Аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.

Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”
1. Роҳрӯб дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия.
Реҷаи корӣ: аз 07-и саҳар то 15.00
Музди меҳнат: 41500 рубл
Тамоми хароҷотҳо ба ғайр аз либоси корӣ ва гузаштан аз комиссияи тиббӣ аз ҳисоби худи коргар.

2. Электромонтер
Синну сол: аз 20 то 55-сола.
Вазифа: Таъмири таҷҳизотҳои электрикии дастгоҳҳои оҳанбурӣ
Талабот: Доштани дипломи электромонтери 4 разряд.
Реҷаи корӣ 2/2 дар 2 баст.
Барои иҷораи манзил ҳар моҳ 10000 рубл ва барои хӯрок ҳар рӯз 100 рубл ҷудо карда мешавад.
Музди меҳнат: 4 разряд-49700 рубл, 5 разряд-56800 рубл+30% мукофотпулӣ, дар маҷмуъ даромади моҳона 72000 рубл.

3. Электрогазосварщик-харроти дастгоҳои электрикию газӣ
Дар заводи тракторсозии шаҳри Санкт-Петербур
Синну сол: то 45-сола
Вазифа: Сварка дар дастгоҳи нимавтоматӣ.
Музди меҳнат: 50000 рубл+30% мукофотпулӣ, дар маҷмӯъ 80000 рубл дар як моҳ.


Реҷаи корӣ: 5/2 ҳар рӯз 8 соат ё 2/2 ҳар рӯз 12 соат.
Барои иҷораи манзил ҳар моҳ 10000 рубл ва барои хурду хӯрок ҳар рӯз 100 рубл ҷудо карда мешавад.

4. Кор дар гармхона барои занон ва мардони аз 20 то 45-сола дар шаҳри Белогоркси Россия.
Музди меҳнат: 1800 рубл барои як басти корӣ.
Реҷаи корӣ: 12 соат дар як шабонарӯз
Роҳкиро ва маблағи патент аз ҷониби корфармо пардохт мешавад. (Алтатта бо боздоштан аз музди меҳнат) Дар сурати як соли пурра кор кардани коргар маблағи роҳкироро ҳангоми баргаштанаш корхона ба ӯ бармегардонад.

Манзил бо қайди ҷойи зист аз ҳисоби корфармо.

5. Кор дар фермаи чорводории шаҳри Великие Лукии вилояти Псков. (Мард, зан ва ҷуфти оилавӣ)
Музди меҳнат: 3 моҳи аввал дар давраи санҷишӣ 32 500 рубл ва аз моҳи чорум 39 000 рубл дар як моҳ. Имконияти даромади иловагӣ (подработка) вуҷуд дорад.
Роҳкиро аз ҳисоби корфармо бо боздоштан аз музди меҳнати коргар.
Кормандон бо либоси корӣ ва 3 вақт хӯроки ройгон дар як рӯз аз ҷониби корфармо таъмин карда мешаванд.

6. Шустушӯйи ангар дар Краснодар.
Кормандон аз ҳисоби корфармо бо ҷойи зист таъмин карда мешаванд.

Реҷаи корӣ 6/1. 8 соат дар як рӯз+1 соат вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ.
Музди меҳнат: 45000 рубл дар як моҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Эрач 2023-07-09, 03:42
Ш норак
Посух
Эрач 2023-07-09, 03:42
Ш норак
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Эрач 2023-07-09, 03:42
Ш норак
Посух
Эрач 2023-07-09, 03:42
Ш норак
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД