Formula novemver 2024
Ҷойҳои кории холӣ дар Русия
576

Хонандагони азиз! Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, сомонаи “Оила” рӯйхати ҷойҳои холии кориеро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сарукордошта пешниҳод менамоянд, нашр мекунад.

Аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.

1. Прораб

Ширкати сохтмонӣ прорабҳоро барои кор дар сохтмонҳои азим дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия даъват менамояд. Музди меҳнат аз 150 000 то 300 000 рубл дар як моҳ, тахминан 1875-3750 доллари ИМА буда, барои корҳои иловагӣ маблағи хуб дода мешавад ва кормандон мукофотпулӣ мегиранд.

Музди меҳнат аз дараҷаи касбияти коргар вобастагӣ дорад. Кормандоне, ки содиқона кор карда, аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, музди меҳнаташон ҳар се моҳ бозбинӣ мешавад. Реҷаи корӣ: 6/1. Соати корӣ: аз 08:00 то 20:00. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ: 1 соат. Роҳкиро, қайди ҷойи зист ва маблағи патентро корфармо пардохт мекунад. (Баъдан ин маблағ аз музди меҳнат боз дошта мешавад)

Дар сурати як соли пурра кор кардани коргар корхона ин маблағро ба коргар бармегардонад. Коргарон расман ба кор қабул карда шуда, барояшон дафтарчаи меҳнатӣ кушода мешавад. Корфармо коргаронро бо хобгоҳ, либоси махсуси корӣ ва 3 вақт хӯроки гарм таъмин менамояд.

2. Коргари сохтмон

Ширкати бузурги сохтмонии русӣ барои корҳои сохтмону васлгарӣ дар минтақаҳои мухталифи Федератсияи Россия коргар меҷӯяд. Музди меҳнат: аз 100 000 то 200 000 рубл дар як моҳ, тахминан 1250-2500 долллари ИМА. Музди меҳнат аз дараҷаи тахассуси коргар ва шаҳрвандиаш вобастагӣ дорад. Кормандоне, ки содиқона кор карда, аз санҷиш мегузаранд, музди меҳнаташон ҳар семоҳа бозбинӣ мешавад.

Реҷаи корӣ: 6/1. Соати корӣ: Аз 08:00 то 20:00. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ: 1 соат. Роҳкиро аз Душанбе то Маскав, қайди ҷойи зист ва маблағи патентро корфармо пардохт мекунад. (Ин маблағ баъдан аз музди меҳнат боз дошта мешавад) Дар сурати як соли пурра кор кардани коргар корхона ин маблағро дубора бармегардонад.

Коргарон аз ҷониби корфармо бо хобгоҳ, либоси махсуси корӣ ва 3 вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Шартномаи корӣ ба мӯҳлати як сол баста шуда, корхона ба коргарон дафтарчаи меҳнатӣ мекушояд.

3. Кор дар сохтмони пансионат дар минтақаи Волоколамски вилояти Маскав

Корфармо кормандонро бо хобгоҳ, либоси махсуси корӣ ва хурду хӯрок таъмин мекунад. Коргарон расман ба кор қабул карда шуда, ба онҳо дафтарчаи меҳнатӣ кушода мешавад. Рафту омад ба маҳалли кор тавассути мошини хизматии корхона.

Маблағи патентро корфармо пардохт менамояд. ( Баъдан аз маош ин маблағ боз дошта мешавад). Реҷаи корӣ: 6/1. Соати корӣ: 10 соат дар як шабонарӯз+1 соат вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ. Музди меҳнат: 67 500- 75 000 рубл (2500 рубл дар як рӯз) аст.

 

 

Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД