Commerc banl
Ҷойгоҳи модар
07.03.2026
Oila.tj
55

Ба одамӣ супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. (Сураи Анкабут, ояти 8).

***

Аз Абуабдуллоҳ (р) ривоят шудааст ки гуфт: Шахсе ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (с) расид ва аз боби некӣ ба падару модар пурсиш намуд. Он ҳазрат се бор фармуд: Ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун! Сипас афзуд: Ба падарат низ некӣ кун.

***

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Марде ба ҳузури Паёмбари Худо (с) омад ва гуфт: Эй Паёмбари Худо, нисбат ба чӣ касе аз ҳама бештар хушрафторӣ кунам?

Фармуд: Ба модарат.

Гуфт: Сипас?

Фармуд: Ба модарат.

Гуфт: Сипас?

Фармуд: Ба модарат.

Гуфт: Сипас?

Фармуд: Ба падарат.

***

Паёмбари Худо (с) фармуд: Падару модари ту биҳишту дўзахи ту ҳастанд. Агар хидматашон кардӣ, биҳишт равӣ, накардӣ, дар оташи дўзах месўзӣ.

***

Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кӣ ба нияти падару модараш ҳаҷ анҷом диҳад ё қарзи эшонро бипардозад, Худованд дар рўзи қиёмат бо солеҳон (некон) маҳшур фармояд, яъне дубора зинда гардонад.

***

Аз Имом Ҷаъфари Содиқ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: Ҳангоми марги ҷавоне Паёмбари гиромӣ (с) канори бистараш ҳузур ёфт ва ба ҷавон фармуд: Бигў: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Забонаш банд омад, чанд бор такрор кард, вале забонаш банд шуд. Паёмбар (с) ба зане, ки дар канори ҷавон буд, фармуд: Оё ин ҷавон модар дорад? Зан гуфт: Оре, ман модари ў ҳастам. Фармуд: Оё аз ў норозӣ ҳастӣ? Зан гуфт: Оре, шаш сол аст бо вай суҳбат накардаам. Фармуд: аз ў розӣ шав. Модар гуфт: Ман аз ў розӣ шудам. Сипас Паёмбар (с) фармуд: Бигў: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Ҷавон дар ин ҳангом гуфт: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Ва пас аз лаҳзае мурд.

***

Паёмбари Худо (с) фармуд: Кайфар, яъне ҷазои се гурўҳ ба қиёмат намемонад. (Дар ҳамин дунё мавриди ҷазо қарор мегиранд):

1. Оқи падару модар.

2. Зулму таҷовуз ба мардум.

3. Носипосӣ дар баробари эҳсон ва некӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД