shoh palace
Овозхони ӯзбек дар Ню-Йорк аз «коронавирус» ҷон дод
2611

Рустам Ҳоҷимуҳаммедов, овозхони ӯзбеки зодаи шаҳри Самарқанд, ки чанд соли охир дар Амрико зиндагӣ мекард, санаи 6-уми апрел дар синни 51-солагӣ бо иллати гирифторӣ ба «коронавирус» дар яке аз дармонгоҳҳои хусусии шаҳри Ню-Йорк даргузаштааст. Ӯ бо номи Рустами Самарқандӣ низ машҳур ва доираи васеи мухлисони худро дошт. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ хабари мазкурро тасдиқ карда, афзудааст, ки нафари аз «коронавирус» фавтида, Рустам Ҳоҷимуҳаммедов, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, соли таваллудаш 1969 мебошад. Аввалин нишонаҳои беморӣ дар овозхон ҳанӯз 22-юми март мушоҳида шуда, танҳо 2-юми апрел пас аз вазнин шудани вазъи саломатияш ӯро дар беморхона бистарӣ кардаанд.



Номбурда рӯзҳои охир тариқи дастгоҳи нафаскашии сунъӣ нафас мекашид ва билохир, санаи 6-уми апрел ҷон дод. Консулгарии умумии Ӯзбекистон дар Ню-Йорк масъалаи дафнии марҳумро баррасӣ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД