Formula novemver 2024
Овоза ва ҳақиқати марги Арнолд Шварсенеггер
3699

 

Чанд рӯз қабл хабаргузориҳои хориҷӣ аз марги ҳунарпешаи синамо ва ходими давлатӣ Арнолд Шварсенеггер хабар доданд.

Расонаҳои хориҷӣ бо такя ба сомонаи Твиттери рӯзноманигор Ҳантер Уокер менавиштанд, ки Президенти феълии Амрико Доналд Трамп ҳангоми як ҷаласа дар “Қасри сафед” марги Арнолд Шварсенеггерро бо чашмони худ дидааст.

“Арнолд Шварсенеггер… Медонед чӣ? Ӯ мурд… Ман шахсан худам шоҳиди ин ҳодиса будам”,-навиштааст Ҳантер Уокер, хабарнигори сомонаи “Yahoo News” дар сомонаи Твиттери худ аз забони Доналд Трамп.

Ин хабар бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт ва хотири кулли мухлисони ҳунармандро мағшуш кард. Субҳи имрӯз Ҳантер Уокер шарҳ додааст, ки мардум гуфтаҳои ӯро нодуруст фаҳмидаанд.

Қабл аз Президент шудан, аниқтараш соли 2004 Доналд Трамп продюссер ва ровии шоу барномаи “Хонанда” (“Ученик”) дар шабакаи телевизионии “NBC”-и Амрико буд. Нуфӯзи барнома чунон баланд шуд, ки ҳатто онро ба гирифтани ҷоизаи “Эмми” пешниҳод карда буданд.


Наҷот аллакай ба худ қарор дода буд, ки қаҳрамони орзуҳои миллат-Пӯлод Алендорро меофарад ва барои ин вай тайёр буд ҳафтаҳою моҳҳо нахобад...

 


Трамп ҳамагӣ 14 қисми барномаро ровигӣ карда буд, ки дар ин мобайн Президенти Амрико интихоб шуд ва давом додани шоу барномаро ба ӯҳдаи Арнолд Шварсенеггер вогузошт. Арнолд бошад, ҳамагӣ як қисми барнома, ки он ҳам охирин буд, ровигӣ кард ва бо ҳамин шоу барнома барҳам хӯрд.

Ҳантер Уокер шарҳ медиҳад, ки Арнолд намурда, балки зинда дар қайди ҳаёт аст. Доналд Трамп шоу барномаи “Хонанда”-ро дар назар дошт ва Арнолдро “мурд” гуфтанаш маънои онро дошт, ки ӯ аз ӯҳдаи идома додани барнома набаромадааст.
Манбаъ: Падида

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД