arzon replenishment
Овезаҳои тоҷикӣ дар Маскав “Здравствуй”-ро надонӣ ҳам, дигар дар Русия дар намемонӣ!
2208

image_2021-09-14_12-21-10Русия барои мардуми тоҷик “хонаи дуюм” гаштааст, агар пештар мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, солҳои охир ҳамсар ва фарзандони худро низ мебаранд.

Бо сабаби надонистани забони русӣ иддае аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишвари рус азият мекашиданд, вале билохира мушкили афроде, ки забони русиро балад нестанд, осон шуд.
Акнун “здравствуй” ва “до свидания” барин калимаҳои оддии русиро надонед ҳам, шумо дар ин кишвари азим дар намонда, роҳи худро ба осонӣ пайдо мекунед.

Сомонаи РБК аксҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо овезаҳо бо забони тоҷикӣ ва узбекӣ дар Метрои Маскав дида мешаванд. Чунин овезаҳо бино бар маълумоти сомонаи мазкур дар ноҳияҳои “Чертановои Ҷанубӣ” ва “Лесопарковая” дида мешаванд.

image_2021-09-14_12-20-54

Дар зершарҳи ин аксҳо, ки баъдан гурӯҳи фейсбукии “Азия Плюс” нашр кардааст, дида мешавад, ки бештари мардум инро хуб қабул кардаанд, вале касоне низ пайдо мешаванд, ки мухолифи овезаҳои тоҷикӣ дар Русия ҳастанд.
“Олмониҳо ва Фаронсавиҳо натавонистанд Маскавро аз худ кунанд. Тоҷикон сари чамбарак нишастанд!”-навиштааст як истифодабаранда бо номи Диляфрӯз, вале Фарид Сайфуддинов насби овезаҳои тоҷикро дар Маскав “аҳмақона” меномад.
“Аз як тараф ин аҳмақона аст, зеро муҳоҷирон бояд имтиҳони забони русӣ супоранд, дар ҳолате, ки тамоми овезаҳо дар шаҳрҳои Русия ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд. Ё имтиҳонҳоро аз миён бардоранд, ё овезаҳо русӣ истанд.”
Истад Раҷабзода, истифодабарандаи дигар бо тоҷикӣ тарҷума шудани овезаҳоро эҳтироми мардуми рус нисбат ба забони тоҷикӣ меҳисобад.
“Ин эҳтиром нисбат ба забони тоҷикист.”
Ёдрас мешавем, ки дар баробари раванди муҳоҷират ҳамчунин талоши мардуми тоҷик барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия торафт меафзояд. Мувофиқи маълумотҳо то соли 2020 ҳудуди 64 ҳазор нафар сокинони кишвари мо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД