Суди шаҳри Москва хабар додааст, ки қотили писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон - Тимофейи миллатгароро ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактабе дар рустои Горкий-2-и ноҳияи Одинтсовскийи вилояти Маскави Русия як навраси 15-солаи миллатгаро бо корд ба муҳити мактаб ворид шуда, Қобилҷон Алиеви 10-соларо ба қатл расонида буд.
Навори куштори кӯдаки бегуноҳро худи қотил аввалин шуда пахш кард ва баъдан ин навор дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, сарусадоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Бархе ҳадс мезаданд, ки шояд бо баҳонаи доштани бемории рӯҳӣ қотил бе ҷазо мемонад, вале суд ҳукми одилона содир намуда, барои куштори ваҳшиёнаи кӯдаки 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев Тимофейи миллатгароро ба муҳлати 18 сол равонаи зиндон намуд.