Arzon march 2024
ҚОТИЛИ БИБИЯМ ШУДАМ (ҚИСМИ 19)
18.07.2021
ДИЛОШӮБ
1872

ИДОМААШ...

Модарам дар рӯи кат нолаи дилхарош карда, беҳаракат мехобад. Сару рўяш варам, ангушти хурдии дасти росташ шикаста, зери чашмонаш сиёҳ, пешонияш кафида.

Дар бораи баданаш ҳоҷати гап набуд. Гўё касе ҳамаи рангҳоро якҷоя карда, ба дасту по ва пушту шиками вай рехта бошад. Ногоҳ сурати раҳматии бобоям пеши назари бибиям пайдо мешавад. Вай хеле ғамгин аз пешонии модарам бўсида, кафи дасташро ба рўи захми сараш мемонад. Баъд ба бибиям нигариста, сар ҷунбонда:

-Набояд духтарро ба ту бовар карда мерафтам. Ўро бояд бо худам мебурдам,- гуфта, хомўш мемонад.

Бибиям сахт тарсида, чизе гуфта наметавонад. Садои гиряи баланди занона ўро ба худ меорад, даме ғанаб карда, ин ҳамаро дар хоб дидааст. Оҳиста дарро кушода, ба роҳрав менигарад. Он ҷо кампир бо амакҳоям, дар як сў янгаҳоям. Кампир беист гиря мекард, янгаҳоям бошанд, хурсанд буданд. Бо дастонашон даҳонашонро пўшонда буданд, то ки касе лабхандашонро набинад. Бибиям дар аввал боз рафта, кампирро лату кӯб карданӣ мешавад, аммо модарамро танҳо мондан намехоҳад. Ҳамон майор бо духтур ба назди модарам меоянд. Бибиям аз вай хоҳиш мекунад, ки агар корашон тамом шуда бошад, онҳоро ба беморхона баранд. Майор ба духтур менигарад. Духтур ҳам ҷавоб медиҳад, ки ҳамаи корҳоро анҷом додааст. Сипас онҳоро ба беморхона мебаранд. Дар ин ҳангом падарам дар деҳа набуда, барои коре ба пойтахт рафта будааст. Ин хабарро шунида, аввал ба беморхона меравад. Аҳволи модарамро дида, сахт метарсад, ўро базўр мешиносад. Сар ба болини вай монда, зор-зор мегиряд. Аз чашмони модарам ашк мерезад, вале ба ҷуз нолиши гўшхарош чизе гуфта наметавонад. Хайрият, ки бибиям ҳамон вақт дар беморхона набудааст, вагарна падарамро ҳам хуб лату кӯб мекард. Падарам бо  дили пурхуну дидаи гирён ба идораи суд меравад. Аҳли оилааш дар он ҷо, модараш паси панҷара. Ўро ба утоқи ҳамон майор бурда, баёноташро мегиранд. Ба саволҳои майор базӯр ҷавоб дода, гап зада наметавонист, гиря гулӯгираш мекунад.

  -Медонӣ, ки агар бо занат ягон ҳодиса шавад, модарат дигар озодиро намебинад?- мепурсад майор.

  -Агар бо занам чизе ҳам нашавад, модарамро озод накунед. Ин ҳаққи вай аст. Бояд ҷазояшро бинад, –қатъӣ мегӯяд падарам.

  Баъди аз ҳуҷраи  майор баромадан падарам ба назди бародараш меравад. Асли воқеаро ба ў ҷиянҳову янгаҳояш нақл мекунанд. Аз модараш дилсард гашта, падарам ҳатто ўро модар гуфтан намехоҳад. Пас аз ду ҳафтаи ҳодиса, ки кампир дар ҳабс буд, фишораш баланд мешавад. Вақте ки ӯро ба беморхона мебаранд, фишораш ба зудӣ поён  намешавад. Бар асари фишори баланд тарафи росташ аз кор мемонад. Даҳонаш каҷ, як чашмаш тамоман маҳкам мешавад. Бибиям доим мегӯяд, ки ин ҷазои Оллоҳ аст ва ў то қиёмат сиҳат нахоҳад шуд.

  Модарамро бибиям ба хонаи худаш мебарад. “Ба онҳо духтар як тараф истад, хошоки дари хонаамро намедиҳам” мегуфт ва ба зориву таваллои падарам гўш намедод. Баъди ду моҳ падарам ба Русия сафар мекунад. Дар ғарибӣ бо ёди дубора бо модарам якҷоя шудан кор мекунад. Лаҳзае симои захолуди ў аз пеши назараш дур намешуд. Пушаймон буд аз умри рафта, аз ҷудоии ёри нозанин.   

 Агар шумо боре ба ноҳияи Вахш омада бошед, пас медонед, ки чӣ қадар макони зебову дилфиреб аст. Кўчаҳои калон, заминҳои корами пур аз пахтаву гандум ва дигар сабзавот, боғҳои пур аз меваҳои  болаззату рангоранг. Агар аз тарафи ноҳияи Бохтар ба ин ҷо ворид шавед, тутҳои қатори ду тарафи роҳ ва канал дар назари аввал сабз менамоянд. Вақте ки наздик шудед, ранги кабудро мегирад.  Ба канал нарасид,а дар самти чап оромгоҳ воқеъ аст. Ин оромгоҳро одамони таҳҷоӣ  «Хўҷагулгунҷон» мегўянд. Калонсолон ин мавзеъро азиз медоранд, зеро бобою бобокалонашон дар ҳамин ҷо мехобанд. Баъди канал дар самти рост масҷиди калоне ҷойгир аст. Дар охири ҳамин  кўча хонаи аммаи модарам буд. Вай тани танҳо дар як ҳавлии калон зиндагӣ мекард. Ин зан зоҳиран ба кампири 70-сола монанд, вале синнаш нав ба 50 расида буд. Сабаби бармаҳал пир шудани ин зан марги писаронашу шавҳараш буд. Вай ду писар дошт. Яке 21-сола, дигаре 18- сола. Писаронашро соли 1992 ба қатл расониданд. Баъди се соли марги писаронаш шавҳараш ҳам аз сактаи дил мефавтад.  Модарам, ки аммаашро бисёр дўст медошт, баъди сиҳат шуданаш ба хонаи вай меояд. Ин кампир табибӣ ҳам мекард. Хонаи вай доим серодам буд. Дамгару дегдонбанди хуб гуфта, ҳатто аз деҳаҳои ҳамсоя низ ба наздаш меомаданд. Модарам ба кору бори хонаи аммааш машғул мешуд. Ба гуфти модарам кори ин хона аз мўи сараш ҳам зиёд буд. Лекин кори зиёд барояш вазнинӣ  намекард, чунки чеҳраи кушоду суханҳои хуши аммааш ба ў қуввату илҳом мебахшиданд.

Баъди як сол падарам бо пули калон аз Русия бармегардад. Вақте ки мефаҳмад модарам дар хонааи аммааш аст, ба диданаш меравад, зеро медонист, ки барои вохўрии онҳо ҳатман иҷозат медиҳад. Модарам аз дидани ў хеле хушҳол мешавад. Зуд дастархон партофта, чою хўрок меорад. То дергоҳ суҳбат карда мешинанд. Ҳангоми рафтан падарам ваъда медиҳад, ки бо бибиям гап зада, розигияшро мегирад. Пагоҳ барвақт падарам савғотӣ гирифта, ба хонаи бибиям меравад. Бибиям аввал ўро намешиносад. Вақте ки салом медиҳад, аз овозаш мешиносаду ўро аз хонааш пеш мекунад. Баъди ду моҳи рафтуомад ва  зорию таваллои падарам, бибиям ба чанд шарт розӣ мешавад. Шарти якумаш ин буд, ки модарамро ҳеҷ гоҳ ба хонаи он кампири наҳс намебарад. Дуюм: минбаъд онҳо дар хонаи аммаи модарам зиндагӣ мекунанад. Сеюм: агар баъди як сол фарзанддор нашаванд, модарамро талоқ медиҳад. Падарам бо ҷону дил ҳамаи шартҳои гузоштаи бибиямро қабул мекунаду ваъда медиҳад, ки модарамро чун гул нигоҳубин мекунад. Боз аз модарам розӣ будан ё набуданашро мепурсад. Модарам мегўяд, ки дар вақташ гиряву зорӣ кардам, не гуфтам, касе ба гапам гӯш надод. Акнун не ё ҳа гуфтани ман чӣ фоида дорад? Падарам як гўсфанди калонро кушта, ба хешу табор зиёфат медиҳад. Баъди омадани вай аммаи модарам, ки минбаъд ман ўро очаҷон мегўям ва барои мо ҳамчун модаркалон буданд, ба табобати онҳо машғул  мешавад. Ба гуфти очаҷонам модарам соҳиби ду писару як духтар мешавад. Аммаи модарам ба ману бародарам номҳои писаронашро мегузорад. Номи ман Тешабой, номи бародарам Акрамхоҷа. Бародарам аз номаш розӣ буд, аммо ман не. Хуб дар хотирам ҳаст, ки аввалин бор дар синни  панҷсолагӣ маро Азизи пешонӣ Тешача гуфт. 

Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД