sebiston july new
ҚОТИЛИ БИБИЯМ ШУДАМ (ҚИСМИ 12)
11.07.2021
ДИЛОШУБ
1597

 ИДОМААШ...

 Модарам аз дидани ў хеле хушҳол мешавад. Зуд дастархон партофта, чою хўрок меорад. То дергоҳ суҳбат карда мешинанд. Ҳангоми рафтан падарам ваъда медиҳад, ки бо бибиям суҳбат карда, розигияшро мегирад.

Пагоҳ барвақт падарам савғоти гирифта ба хонаи бибиям меравад. Бибиям аввал ўро намешиносад. Вақте ки салом медиҳад, аз овозаш мешиносаду ўро аз хонааш пеш мекунад. Баъди ду моҳи рафтуову зорию таваллои падарам, ба чанд шарт бибиям розӣ мешавад. Шарти якумаш ин буд, ки модарамро ҳеҷ гоҳ ба хонаи он кампир наҳс намебарад. Дуюм: дар хонаи аммааш зиндагӣ мекунанад. Сеюм: агар баъди як сол фарзандор нашаванд, модарамро талоқ медиҳад. Падарам бо ҷону дил ҳамаи шартҳои гузоштаи бибиямро қабул мекунаду ваъда медиҳаду, ки модарамро чун гул нигоҳ мекунад. Боз аз модарам розӣ будан ё набуданашро мепурсад. Модарам мегўяд, ки дар вақташ гиряву зорӣ кардам, не гуфтам, касе ба хостаи ман аҳмият надод. Акнун не ё ҳо гуфтани ман чӣ фоидадорад? Падарам як гўсфанди калонро кушта, ба ба хешу табор зиёфат медиҳад. Баъди омадани вай аммаи модарам,ки минбаъд ман ўро очаҷон мегўям, ба табобати онҳо машғул мешавад. Ба гуфти очаҷонам модарам соҳиби ду писару як духтар мешавад.Вай ба ману бародарам номҳои писаронашро гузошт. Номи ман Тешабой номи бародарам Акрамхоҷа писари дуюмаш. Бародарам аз номаш розӣ буд, аммо ман не. Хуб дар хотирам ҳаст,ки аввалин бор дар синни панҷсолагӣ маро Азизи пешонӣ Тешача гуфт.Он вақт хурд будам,аммо аз ин гуфтаи ў сахт қаҳрам омад.Ба вай нигариста, нохост пешонӣ гуфтам,ҳама хандиданд. Дигар,барои бачаҳои кўча ман Тешача шудаму   Азиз Пешонӣ.Аз ҳамон рўз сар карда,ба хона бо лабу лунҷи овезон меомадагӣ шудам.Ба очаҷонам аз бачаҳо шикоят мекардам,ду-се рўз чизе намегуфтанду боз сар мешуд.Зўрам мерасидагиро мезадам,дигарашро дашном медодам.Ба ақидаи очаҷонам ман бачае ҳастам, пашаро озор намедиҳам, аммо вақте ки дашномҳоямро   мешунид; «Ҳа- а, ту ҳам забон баровардӣ –ку!»-гўшамро тоб медод.Ман барои cафед кардани худ аз бачаҳо шикоят мекардам,гуноҳро ба сари онҳо бор мекардам.Аз модарам хоҳиш мекардам,ки номамро иваз кунад,вале сухани маро гўё аслан намешунид.Ба насиҳат сар мекард:одам набояд аз номаш хиҷолат кашад,ношукри кунад.Падару модар як хел гап мезаданд,гўё пешакӣ маслиҳат карда бошанд.Шикоятҳои маро шунидан замон падарам суханҳои модарамро тасдиқкунон сар меҷунбонд.Барои ҳамин ман аз корҳои дўстдоштаам:берун баромадану бо рафиқонам бозӣ тамоман дил кандам.Рўзона бо додарам,ки ҳамагӣ як сол аз ман хурд аст,бозӣ мекардам.

Вақте ки мактабхон шудам як моҳи аввал хеле хурсанд будам,чунки ҳамсинфонам бачаҳои хуб бо онҳо зуд унс гирифтам.Аввалҳои моҳи октябр буд.Як қатор шуда ҳамроҳи муаллима ба берун мерафтем.Азизи Пешонӣ маро дидан замон давида омад. Бо дидани ў дилам сахт зад.Ҳозир маро масхара мекунад гуфтам.Ҳамин тавр ҳам шуд.Ў расида: «Ҳа Тешача ба куҷо?»-гуфта хандид.Ба берун Пешонӣ –гуфта хандидам.Муаллимаро дида мо хомўш мондем.Аз ҳамон рўз сар карда дар мактаб ҳам ман Тешача шудам.Дарсҳоямро тайёр мекардам,вале ба мактаб бо гардани баста мерафтам.Чанд бор модарам ҳатто падарам ба мактаб рафт,аммо вазъ тағйир намеёфт.Як-ду рўзи хомўшӣ боз ҳамон аҳвол.Рўзе ба сарам фикри аҷибе омад.Чаро ба бибиям шикоят накунам?-гуфтам.Охир вай ба осонӣ модарамро аз дасти кампири наҳс халос карда буд, шояд маро ҳам озод карда тавонад.Бибиям мисли он ки азх мақсадам пай бурда бошад,ҳамон рўз ба хонаамон омад.Аҳволамро ба ў нақл кардам.Дастамро гирифта ба назди модари Азиз бурд Ўро чунон гўшмоле кард,ки дигар бом ан гап назад. Рўзи дигар ҳамроҳам ба мактаб рафта дуру дароз бо муаллима гап зад .Дар синф касонеро,ки маро масхара мекарданд,ба назди тахтаи синф бароварда, чунон бо онҳо гап зад,ки ҳатто худи ман ҳам аз вай тарсидам.Баъди ин ҳодиса касе маро масхара намекард.Акнун бо шавқ ба мактаб мерафтагӣ шудам,фикрам фақат дар хондан.Ҳоло ҳам ба кўча намебаромадам.Кўчаро фақат ҳангоми ба мактаб рафтан ва баргаштан медидам.Аз ҳамин фурсат истифода бурда бачаҳо   «Ҳа, Тешача,камнамо шудӣ,берун намебароӣ ?»- гуфта механдиданд.Бо шунидпани ин таҳқирҳо Азизро дашном медодам,нафратам рўз то рўз нисбати вай зиёд мешуд.Ҳар рўзи ман чунин мегузашт.

   Чор соли ҳаёт мисли бод аз назарам гузашта рафт. Якуми сентябри соли 2010. Ман аллакай синфи панҷ. Модарам барои шинос шудан бо муаллими навам ба мактаб омад. Мо дар саҳни мактаб ҷамъ шуда будем. Ногоҳ муаллимаамон бо як духтари тахмин 16-17 сола наздамон омад. Муаллима ба мо салом дод, аҳволпурсӣ кард. Гарчанде ки ба саволҳои муаллима ҷавоб медодоам, аммо нигоҳам ба он духтар банд. Зеҳн монда сар то пои ўро бо диққат аз назар мегузарондам. Ба   одамони деҳа монанд набуд. Симои вай аз шаҳрӣ буданаш гувоҳӣ медод. Дар танаш куртаи сафед бо нимдомани сиёҳ. Мўйҳояш кўтоҳи ранг кардагӣ. Рўяш мисли моҳи пурра гирди сафед. Ороиши рўяш ба ҳуснаш ҳусни дигар зам карда буд. Аз ҳама зиёд ба ман лабонаш писанд омад. Онҳо монанди садбарги сурх навшукуфта диқатҷалбкунангда буданд. Баъд аз аҳволпурси модарони ҷамъшуда, ниҳоят муаллима ба сўи он духтар, ки ба назари ман 16-17 сола намуда буд, ишора карда;

   - Ин кас муаллимаи ҷавон. Ҳамин сол ба кор омад. Ҳакимова Саодат Ҳодиевна. Роҳбари синфи фарзандонатон – гуфт.

Аз ҳама зиёд ман тааҷҷуб кардам, чунки дар зеҳни худ ўро чун муаллима тасвир накардам. Баръакси ман дигарон хушҳол буданд.

Муаллима ва модарамон бом о хайрухуш карда рафтанд. Бо муаллимаи навамон танҳо мондем. Дарси аввали мо муаллима шиносоӣ буд. Ҳар яки мо хеста дар бораи худ ба муаллима маълумот додем. Ман муш газидагӣ барин хомўш будам. Акнун мо мисли гузашта дар як синф нишаста бо як муаллима дарс намехондем, балки ҳар як дарсро дар кабинетҳои махсуси ҳамон фан мехондем. Фурсати аз як синф ба синфи дигар рафтан барои масхара кардани ман кофӣ буд. Бачаҳои дигар синфҳо ҳам ҳангоми аз пешам гузаштан Тешача гуфта мегузаштанд. Задану ҳақорат кардан ба онҳо фоида надошт.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД