sebiston july new
Отам чаро намеояд, оча?
5374
Отам чаро намеояд, оча?


Қаҳрамони мо модари ду фарзанд буда, зиндагии сангине дорад. Шавҳараш бо зани дуюмаш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва дигар ин зан ва фарзандонашро тамоман суроғ намекунад, на пул мефиристад ва на аз ҳолу аҳволашон пурсон мешавад.

Ба гуфти худи зан, писари калониаш ба бемории рӯҳӣ гирифтор ва чанд моҳ боз дар беморхонаи касалиҳои рӯҳист. Азбаски онҳо дар як ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, ин зани камбизоат маҷбур аст, ки писари 12-солаашро ба хешу табор монда, ба ноҳияи Рӯдакӣ ба аёдати фарзанди бемораш омада равад.

“Писари калониам бемории руҳӣ дорад, занҷирбанд аст. Ман як зани деҳотии бесавод ва бемор бо ду фарзанд ҳоли зор дорам. Шавҳарам ду сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва ба мо тамоман ёрӣ намедиҳад. Вай ҳамроҳи зани дуюмаш ба Россия рафта, ману бачаҳоямро умуман суроғ намекунад.

Ақаллан як бор занг зада намепурсад, ки бачаҳояш зиндаанд ё мурда. Аҳволамон бисёр вазнин аст, пул надорам, ки барои бачаҳоям сару либос ва хурду хӯрок харам. Писари хурдиам, ки нав 12-сола шудааст, бо “сланси” ба мактаб мерафт ва бачаҳои ҳамсоя мудом ӯро мазоқу масхара карда, ба ҳолаш механдиданд. Бечора писаракам зор-зор гиря карда мепурсад, ки оча, барои чи отаи дигар бачаҳо аз Росия меоянду отаи ман не?!”-бо дард қисса мекунад қаҳрамони мо, ки худаш низ бемор аст...


Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зан дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии Душанбе-сити 9762 0000 7517 1735 гузаронанд. Корт бо рақами 918-71-17-88 пайваст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-13, 23:17
Шавхар кна то он шавхари номардаш ранч кашад шояд аи шавхар кнад хушбахт мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-13, 23:17
Шавхар кна то он шавхари номардаш ранч кашад шояд аи шавхар кнад хушбахт мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД