arzon replenishment
Осорхонаи «Таърихи футболи тоҷик» бунёд мегардад
412

Бо супориши президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои варзишгоҳи навбунёди пойтахти кишвар осорхонаи «Таърихи футболи тоҷик» сохта шуда, ҳамзамон китоби «Таърихи футболи тоҷик» нашр мешавад.

Аз мухлисону ҳаводорони футбол ва шахсоне, ки ашёҳои таърихи футболӣ, аз ҷумла сарулибоси бозикунӣ, ҷому медалҳо, ифтихорномаву дипломҳо, инчунин китобҳо ва дар маҷмуъ ҳар маводи ба таърихи футболи тоҷик алоқамандӣ доштаро дар ихтиёр доранд, хоҳиш карда шудааст, дар тамос шаванд.

Гуфта мешавад, ки соҳибони ашёҳои арзишманд ва муаллифони матлабу мақолаҳои пурмазмун қадрдонӣ мегарданд.

Почтаи электронӣ: [email protected]

Телефонҳо барои тамос: 919-40-80-50; 55-555-95-05; 111-92-00-04; 918-66-73-87

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД