arzon replenishment
Ошпази машҳуре, ки саҳнаҳои ҳаҷвиаш ҳамаро рӯдакан мекунанд
03.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1973

Муродҷон Атакузиев пас аз хатми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) ҳамчун муҳоҷир ба Россия рафт. Чанде кор кард ва имкон пайдо намуд, ки таҳсилашро дар Индонезия давом бидиҳад. Ҳамин тавр, ҳоло таҳсилашро дар зинаи магистратура давом дода истодааст. Ҳамчунин, дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ҳамчун блогер худро муаррифӣ кунад ва ҳоло дар Инстаграм наздики 60 ҳазор обуначӣ дорад. Мавзӯи марказии саҳифааш ҳаҷв буда, мекӯшад, ки бо наворҳои ҷолибу рангин табъи мардумро хуш кунад. Мо бо Муродҷон ҳам доир ба таҳсилаш дар хориҷи кишвар ва ҳам фаъолияти блогериаш суҳбат кардем.

Аз муҳоҷират ба таҳсили дубора ва блогерӣ

- Шумо ҳоло дар Индонезия қарор доред. Чаро тасмим гирифтед, ки бояд дар ин кишвар таҳсил кунед?

- Вақте ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) мехондам, як дӯстам, ки дар Индонезия таҳсил карда буд, тавсия дод, ки хуб мешавад баъди хатми донишкада зинаи магистратураро дар ин давлат давом диҳам. Ҳамин тавр, ман ҳуҷҷатҳоро омода карда, равон кардам. Пеш аз қабул шуданам дар донишгоҳ шаш моҳ забони индонезӣ омӯхтам ва ҳамин тавр магистрант шудам.

- Шумо баъди хатми донишгоҳ дар кишвар, дарҳол ба Индонезия рафтед?

- Не, пас аз хатми донишгоҳ ба Русия рафтам. Мисли ҳазорҳо тоҷики дигар муҳоҷир шудам, аммо умед доштам, ки забон меомӯзам ва ба Индонезия меоям. Насиб будааст, ки аз муҳоҷират боз барои таҳсил кардан омадам.

- Дар Россия коратон чӣ хел буд?

- Бисёр хуб буд, ошпаз будам.

- Пас, чаро роҳи давом додани таҳсилро пеш гирифтед, дар ҳоле ки дар Россия кори хуб доштед?

- Фикр кардам, ки ман метавонам дар 50-солагӣ ҳам муҳоҷир шавам, аммо шояд дигар чунин имкон пайдо нашавад, ки зинаи магистратураро дар Индонезия давом диҳам. Барои ҳамин таҳсилро интихоб кардам ва ҳеҷ пушаймон нашудам. Хондан ҳамеша хуб аст, кош ҳама мехонданд.

- Вақте ки Индонезия рафтед, чӣ мушкилиҳо буданд?

- Вақте ки омадам, ин ҷо хеле навигариҳо буд, ки бароям ноошно буданд. Барои мисол, дар дарсҳо ҳама бо ноутбук мешинанд, аммо ман танҳо дафтару қалам доштам. Яъне, дар аввал баъзан нофаҳмиҳо буд, аммо оҳиста-оҳиста омӯхтам ва камбудиҳоро бартараф кардам.

- Хеле дур ҳастед. Хӯроки бегона, одамони бегона, фазои бегона... Умуман, чӣ гуна қабул кардед ҷойи бегонаро?

- Албатта, осон набуд, аммо дар ҳар кор бояд душворие бошад. Масалан, то ҳол ба хӯрокҳои ин ҷо одат накардаам. Аз ҷониби дигар, ба ёдам меояд, ки шояд бархе душвориҳои зиндагии мо барои дигарон орзу бошад ва ба ин хотир ҳеҷ гоҳ дилхунук намешавам ва кӯшиши беҳтар шуданро мекунам.

- Дар донишгоҳ ройгон таҳсил мекунед?

- Дар донишгоҳе, ки ман таҳсил мекунам, барномаи махсусе амал мекунад, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ройгон таҳсил кунанд. Хушбахтона, ман ҳоло аз рӯйи ин барнома таҳсил дорам.

- Идрорпулӣ мегиред?

- Бале, ҳар моҳ аз ҷониби донишгоҳ ба ман 170 доллари амрикоӣ идрорпулӣ медиҳанд.

- 170 доллар мерасад барои як моҳ?

- Агар сарфу харҷро бо ҳисоби миёна анҷом диҳем, мерасад. Аммо ҳоло ман аз блогерӣ низ даромад дорам.

- Масъалаи хобгоҳ чӣ хел аст?

- Донишгоҳи мо ҳам хобгоҳ ва ҳам меҳмонхона дорад. Ман дар меҳмонхона меистам ва нисфи идрорпулиам дар ҷойи зистам сарф мешавад.

- Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро шумо бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм кардед. Ҳоло аз рӯйи кадом ихтисос таҳсил доред?

- Ин ҷо ҳам забони англисӣ меомӯзам, аммо барои муаллимӣ. Муаллими забони англисӣ мешавам.

- Дар хусуси таҳсилатон дар хориҷи кишвар волидонатон чӣ фикр доштанд?

- Албатта, дар аввал фикри зиёд мекарданд, ки Индонезия чӣ гуна давлат аст, ман чӣ гуна таҳсилу зиндагӣ мекунам. Аммо бо гузашти як ё ду моҳ ором шуданд, ҳоло ҳамааш хуб аст.

- Хӯрду хӯрок арзон аст?

- Не, гарон аст. Масалан, як кило картоша 15-20 сомонӣ аст. Мардуми ин ҷо бисёртар биринҷ мехӯранд.

- Блогериатон чӣ гуна оғоз шуд?

- Вақте ки дар Тоҷикистон будам, ба блогерӣ шавқ доштам. Аммо имкон набуд, телефони хуб надоштам, ки бо сифати хуб навор гирам. Баъдан, вақте ба Россия рафтам, имкон шуд, ки телефон харидорӣ кунам ва қадамҳои аввалинро монам. Замоне ки ба Индонезия омадам, ин соҳаро ҷиддитар гирифтам ва пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд аз ҷумлаи блогерони (вайнерон) шинохта шавам.

- Вақтатонро ба блогерӣ зиёд сарф мекунед, оё ба дарсҳоятон халал намерасонад?

- Блогерӣ як қисми зиндагии ман аст. Кӯшиш мекунам, ки барои ин корам вақти муайян ҷудо кунам.

- Чаро тасмим гирифтед, ки бояд наворҳоятон ҳаҷвӣ бошанд?

- Шавқи зиёд дорам ва фикр мекунам то андозае ин самтро хуб мефаҳмам. Аз ҷониби дигар, одамонро хандонидан ва ба онҳо фараҳу шодӣ ҳадя кардан барои ман хушоянд аст. Бигзор, тамоми одамон биханданд.

- Мавзуъҳои наворҳоятонро чӣ гуна интихоб мекунед, оё сенарист доред?

- Мавзуъҳоро ҳам аз дигар блогерони хориҷӣ меёбам ва ҳам аз рӯзгори ҳаррӯзаам. Дар масъалаи навиштан бошад, худам менависам.

- Оё дар зери наворҳои шумо шарҳҳои бад менависанд?

- Қариб, ки не, зеро аксар одамон дарк мекунанд, ки ҳар гапи мо ҳаҷв аст ва як мақсад дорад: табъро хуш кардан. Аммо кам ҳам бошад, ҳастанд нафароне, ки хуб қабул намекунанд. Барои мисол, як навор доштам барои мухлисони бошгоҳи “Барселона”, онро хуб қабул накарданд.

- Дар як наворатон нишон медиҳед, ки як мактаби миёнаи Индонезия меравед ва барои мактаббачагон дар бораи кишварамон маълумот медиҳед ва дар охир ҳама бо як овоз “Тоҷикистон, ба пеш” мегӯед. Чӣ гуна имкон ёфтед ватанамонро дар он ҷо муаррифӣ кунед?

- Ман дар ин ҷо як дӯст дорам аз Ҳиндустон аст. Ӯро даъват карданд, ки дар ҳамон мактаб баромад кунад ва маро ҳам бо худ бурд. Мақсади мо он буд, ки бо забони англисӣ дар бораи кишвари худ ба онҳо маълумот диҳем. Умуман, дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маконҳои таърихӣ, расму оин ва хӯрокҳоямон ба онҳо нақл кардам.

- Чаро рекламаи кам доред дар саҳифаатон?

- Ба ман бисёр муроҷиат мекунанд, аммо қабул намекунам. Маҳсулотеро реклама кардан мехоҳам, ки ба мардум зарар нарасад. Масалан, ман қиморро реклама намекунам, зеро ҳалол кор кардан мехоҳам. Бигзор ман пули зиёд наёбам, аммо зарар нарасонам.

- Ба ҷуз блогерӣ кор мекунед ҷойи дигар?

- Не, мувофиқи қоидаҳои донишгоҳ, донишҷӯён ҳақ надоранд, ки расман ҷое кор кунанд.

- Чӣ навқшаву орзуҳо доред?

- Мехоҳам баъди ба Ватан омадан, маркази омӯзишие таъсис диҳаму забони англисиро бо усулҳои нав ба ҷавонон омӯзонам ва барои таҳсилашон дар хориҷи кишвар мусоидат кунам. Дар умум, мехоҳам ба Ватану миллат хизмат намоям.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД