Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҷиноятеро ошкор намудаанд, ки воқеан боиси нангу изтироб аст.
Гумонбаршаванда Амридинова Зебо, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ суд шудааст, ин навбат ҷинояти норхушеро содир намудааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки номбурда муддате дар манзили истиқоматиаш бо писари 6-сола, ки фарзанди хешовандаш мебошад, ҳаракатҳои бадахлоқонаю муносибатҳои шаҳвониро анҷом додааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Амриддинова Зебо бо моддаи 142, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.