arzon replenishment
ОШИҚОНРО МОҲИ ДЕКАБР ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
2695

 

Ҳамал

Зодагони мучали ҳамал дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мешаванд. Нафарони оиладор бояд бо ҳамсафари ҳаётии худ наздиктар бошанд, аз ҳолу аҳволаш бохабар шаванд. Танҳо дар ҳамин сурат зиндагиятон хушу хурсандона сипарӣ мегардад. Нафарони муҷаррад бо осонӣ дил меёбанду ошиқ мешаванд.

Савр

Нафароне, ки оиладор ҳастанд, дар давоми моҳ бо ҳамсарони худ бо душворӣ созиш мекунанд. Имкони беҳтар сохтани муносибатҳои заношавҳарӣ вуҷуд дорад. Бо кадом роҳе, ки набошад, ҳамсари худро хушбахт гардонед. Вагарна камбудиҳои рӯзгор ва норасоии маблағ байнатон сардӣ меорад.

Ҷавзо

Моҳи декабрро моҳи ошиқони мучали ҷавзо номем, хато намекунем. Нафарони оиладор миёнаи моҳ нофаҳмиҳои дар муносибатҳояшон сарзадаро фаромӯш карда метавонанд. Нафарони муҷаррад аз 16-ум то 31-уми декабр ошиқ мешаванд. Муносибатҳоятон бо нафарони калонсоли оила пур аз муноқишаву зиддиятҳо мегардад.

Саратон

Зодагони мучали саратон то миёнаи моҳ нисбати ошиқи худ дилбастагии бештареро эҳсос мекунанд. Нафарони муҷаррад барои муносибатҳои ошиқона имкониятҳои бештар пайдо мекунанд. Хусусан баъди 22-юми декабр муҳаббати худро дар ҷои кор ё мавзеи дигари фарҳангӣ пайдо карда метавонед.

Асад

Нафарони муҷарради мучали асад бояд муҳаббати худро озодона изҳор карданро омӯзанд. Вазъи оилавӣ хушу гуворо боқӣ монда, таъсираш ба касбу кори шумо ва фаъолияти фарзандонатон мерасад. Хароҷоти дар давоми моҳ кардаатон табъи дилу мувофиқи имкон ва боиси рафъ гардидан нофаҳмиҳо мегардад.

Сунбула

Дар давоми моҳ дар муносибатҳои ошиқонаи нафарони оиладор баъзе нофаҳмиҳо сар мезанад, ки барои рафъ намуданаш бояд кӯшиш ба харҷ диҳед. Нафарони муҷаррад муҳаббати худро дар гирду атроф ё дар маъракаи калоне пайдо карда метавонанд. Ошиқон бо сабабҳои гуногун созиш карда наметавонанд.

Мизон

Зодагони мучали мизон дар ҷодаи муҳаббат оромиш намеёбанд. Хусусан нафарони оиладор бо якдигар созиш карда наметавонанд. Сабаби нофаҳмиҳо камбудиҳои молиявӣ ва бад шудани ҳолати руҳӣ аст. Нафарони муҷаррад муҳаббати худро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунанд.

Ақраб

Зодагони мучали ақраб дар муносибатҳои ошиқона аз пештара бештар созиш карда метавонанд. Агар ҳамсаратон хислати тағйирёбандаи шуморо таҳаммул карда тавонад, зиндагии ширину гуворо насибатон мегардад. Нафарони муҷаррад бахти худро дар ҷои кор пайдо менамоянд.

Қавс

Бо дӯстдоштаи худ дар ин моҳ забон ёфтанатон кори осон аст. Хусусан нафарони оиладор бо меҳру муҳаббати беандоза ба дили ёри худ роҳ меёбанд. Нафарони муҷаррад ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ё аз миёни ҳамсояҳову дӯстон бахти худро пайдо карда метавонанд. Диққати шуморо шахси зиндадилу хоксор ҷалб менамояд.

Ҷаддӣ

Барои он ки дар зиндагии нафароне, ки муносибатҳои ошиқонаашон хуб нест, вазъият душвортар нашавад, бояд зираку ҳушёр бошед. Нафарони муҷаррад то саннаи 16-уми декабр ошиқ шуда метавонанд. Ошиқон дар фикри барпо намудани оила мешаванд. Мушкилоти молиявӣ сабабгори сард шудани муносибатҳои ошиқона мегардад.

Далв

Аз миёнаи моҳ сар карда, ҳаёти оилавиятон ранги дигар мегирад, самимияту меҳрубонӣ дилатонро ба зиндагӣ гармтар месозад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд, фурсати муносибро аз даст надода, мурғи бахтро аз панҷаҳои худ раҳо насозед.

Ҳут

Дар ин моҳ зодагони мучали ҳут рашки беандоза ва муҳаббати бузург пайдо мекунанд. Хусусан нафарони оиладор ё онҳое, ки дӯстдошта доранд, то охири моҳ рашкро лаҳзае аз худ дурк карда наметавонанд. Нафарони муҷаррад муҳаббати худро ҳангоми сафар пайдо мекунанд. Хароҷоти оилавӣ боиси афзудани ташвишҳоятон мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД