sebiston july new
ОШИҚОНРО ДАР МОҲИ МАРТ ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
1808
no-img

 

Ҳамал

Айни замон шахси дӯстдоштаатон тамоми нозу нузи шуморо мебардорад. Ба ҳар ҳол аз ҳад зиёд эркагӣ накунед. Агар шумо низ дар навбати худ нисбати ёратон меҳрубонӣ зоҳир намоед, меҳру муҳаббататон афзуда, бо ҳам наздиктар мешавед. Нафарони муҷаррад барои ҷалб намудани диққати нафаре кӯшиши зиёд карданашон лозим меояд.

Савр

Ҳафта барои ба даст овардани мурғи бахт талош варзидан мусоидат мекунад. Аз муошират бо шахси ҳамфикр маълумоти даркориро ба даст меоред. Барои нафароне, ки нимаи аввали моҳ бо дӯстдоштаи худ оштӣ шудан мехоҳанд, давраи бобарор аст. Дар ин айём ҷасурона бо ёри худ сари мавзӯҳои гуногун гап зада метавонед.

Ҷавзо

Баъзе хислату рафтори шахси дӯстдоштаатон боиси асабхаробии шумо мегардад. Беҳуда кӯшиши ислоҳ кардани одатҳои ӯро накунед, гилаву шикваи шумо боиси ранҷиш ва сар задани муноқиша мегардад. Каме вақтатонро аз якдигар дуртар гузаронед, он гоҳ пазмони ҳам гашта, дубора наздиктар мешавед.

Саратон

Айни замон ҳар гаперо, ки дӯстдоштаатон дар бораи шумо мегӯяд, ба дил наздик қабул мекунед. Нафарони оиладор дар канори ҳамсафари ҳаётӣ оромиши руҳу ҷонро эҳсос мекунанд. Дар баробари он ки аз ноҷуриҳои қисмат шиква мекунед, ба дарди дили ҳамсафари ҳаётӣ гӯш андозед.

Асад

Агар нияти ба даст овардани муҳаббати нафареро дар дил дошта бошед, дар ин моҳ ҷасурона амал намоед. Нафароне, ки нав муҳаббати худро пайдо намудаанд, имкони бо дӯстдоштаи худ якҷо буданро пайдо месозанд. Ҳатман барои дӯстдоштаатон лаҳзаи хотирмон барпо намоед.

Сунбула

Ёди муҳаббати аздастрафта шуморо маъюсу руҳафтода месозад. Барои аз ин ҳолат берун шудан бештар бо нафароне робита намоед, ки пештар риштаи дӯстӣ доштед. Нафарони муҷаррад бояд бештар бо ҳамкорон ва шиносҳои худ дар робита бошанд. Эҳтимол дар симои яке аз онҳо бахти худро пайдо менамоед.

Мизон

Нимаи аввали моҳ дар зиндагиятон ҷашну маъракаҳо зиёд мешаванд. Агар дар чунин чорабиниҳо бе шахси дӯстдоштаатон ширкат варзед, косаи сабри ёратон дер ё зуд лабрез мегардад. Нафарони муҷарраде, ки дар ин моҳ нияти бо дӯстдоштаи худ якҷоя вақт гузарониданро доштанд, муваффақ мегарданд.

Ақраб

Моҳи мартро шумо табъи дили худ гузаронида наметавонед. Агар вақти бештари худро бо шахсе, ки дӯсташ медоред, гузаронидан мехоста бошед, ин амал ба шумо муяссар намегардад. Руҳафтода нашавед, вазъият баъди чанде беҳтар мешавад. Ташвишу тараддуди нафарони оиладор низ хеле зиёд мешавад.

Қавс

Зиндагӣ бо орзу ширин аст, вале ба орзуву ҳавасҳои дастнорас дода нашавед. Агар муҳаббати нафаре кайҳо боз дар хонаи дилатон ҷой гирифта бошад, ҷасуртар амал намоед. Айни замон дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мегардед. Нафарони оиладор дар лаҳзаҳои мушкил дастгирии наздиконро эҳсос мекунанд.

Ҷаддӣ

Нофаҳмии байни шумову дӯстдоштаатон сарзада боиси хира гаштани табъатон мегардад. Сабаби ҷанҷоли шумо на танҳо мушкилоти рӯзгор, балки рашк ҳам мегардад. Муноқишаро ё қатъ намоед, ё бо шахси дӯстдоштаатон ошкоро гап занед. Охири моҳ бо ҳам забон ёфта метавонед, ба шарте ки ба ин чиз талош намоед.

Далв

Бо андешаи он ки шахси дӯстдоштаатон бояд нуқтаи назари худро дошта бошад, созиш карданатон лозим аст. Ёратон вазифадор нест, ки дар ҳама кор шуморо дастгирӣ намояд. Рафту дӯстдоштаатон ҳеҷ гоҳ шуморо ҷонибдорӣ накарда, бо ҳазли намакин меранҷонида бошад, ба ӯ хатояшро рӯирост фаҳмонед.

Ҳут

Барои нафароне, ки дар муносибатҳои ошиқонаашон дилсардӣ вуҷуд дорад, моҳи бобарор нест. Дар масъалаҳои зиёде бо дӯстдоштаи худ баҳсу мунозира карданатон лозим меояд. Нафарони муҷаррад вақте ба наздикони худ кореро ваъда медиҳанд, бояд онро аз хотир набароранд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД