arzon replenishment
Ошиқонро дар моҳи апрел чӣ интизор аст?
2301

 

Ҳамал
Моҳи апрел дар муносибатҳои ошиқонаи зодагони мучали ҳамал тағйироти куллӣ рух намедиҳад. Нафарони муҷаррад аз муҳаббат бенасиб намемонанд, вале имкони бахти худро дар ин моҳ пайдо карданатон хеле кам аст. Руҳафтода нашавед, танҳоӣ зиндагиятонро куллан тағйир дода, рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафарони оиладор муҳаббату ҳамдигарфаҳмиро аз пештара бештар эҳсос мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки шумо бори дигар моҳи асали худро паси сар мекунед.

Савр
Дар моҳи апрел нафароне, ки ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накардаанд, чанд маротиба кӯшиши ошиқ шуданро мекунанд, вале ҳар дафъа ба ҳадаф расида наметавонанд. Кӯшиши тағйир додани зиндагӣ ва пайваста дӯстдоштаи худро мавриди санҷишу имтиҳон қарор додан сабаби парешонии андешаҳоятон гашта, дар интихоби бахт мушкилӣ мекашед. Дар ин моҳ ҳатто нафарони оиладор ба зиндагии худ таровати тоза ва хушбахтӣ ворид кардан мехоҳанд.

Ҷавзо
Як қадами ноҷо дар муносибатҳои ошиқона сабаб мегардаду мурғи бахтро аз даст медиҳед. Аз ин рӯ, нафароне, ки қариб муҳаббати ёрро ба даст овардаанд, хеле эҳтиёткор буданашон лозим аст. Моҳи апрел имкон медиҳад, ки ба дӯстдоштаи худ тамоми ҷиҳатҳои мусбии хислати худро нишон диҳед. Нафарони оиладор дучори нофаҳмӣ мегарданд. Рафту ҳамсафари ҳаётӣ ба муҳаббати шумо бо муҳаббат посух нагӯяд, беҳуда худро азият надиҳед.

Саратон
Дар моҳи апрел саратонҳои оиладор аз меҳру муҳаббати ҳамсафари ҳаётии худ шоду масрур мегарданду тамоми зиддиятҳоро паси сар менамоянд. Зану шавҳарон бо як нигоҳ якдигарро дарк намуда, ба муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ мерасанд. Барои он ки хушбатӣ умре дар фазои кошонаи шумо танинандоз бошад, муҳаббати худро аз ҳамсафари ҳаётии худ дареғ надоред. Нафарони муҷаррад бо ҷасорату истодагарӣ дили ошиқи худро ба даст меоранд.

Асад
Асадҳои оиладор агар хоҳиш дошта бошанд, ҳамсафари ҳаётии худро хушбахт месозанд. Нафарони муҷаррад бошанд, дар ҷустуҷӯи бахт хеле азият мекашанд. Кунҷи танҳоӣ ҷустану аз атрофиён канораҷӯӣ карданро тавсия намедиҳем, беҳтараш аз мулоқот ва шиносоиҳои нав рӯ нагардонед. Ҳар қадаре нафарони муҷаррад бо дӯстону ҳамкорон вақти бештар гузаронанд, ҳамон андоза бахти худро ба даст оварда метавонанд. Муҳим он аст, ки доираи дӯстонатон мисли ҳавои баҳорӣ руҳбахшу офтобӣ бошад.

Сунбула
Нафарони оиладорро лозим аст, ки дар моҳи апрел аз ҳама гуна амалҳои беандеша худдорӣ намоянд, вагарна ҳамдигарфаҳмии оилавиро аз даст медиҳед. Ҳама гуна дудилагиро бо ёри худ ҳаллу фасл намоед, он гоҳ робитаатон қавитар гашта, аз ғалату нофаҳмӣ эмин монда метавонед. Нафарони муҷаррадро дар моҳи апрел бахту барор ҳамсафар мегардад, имкони зиёди дил ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Маҳз дар ҳамин моҳ нафареро пайдо мекунед, ки ояндаи худро ҳамроҳ месозед.

Мизон
Дар моҳи апрел муҳаббат нафарони ошиқро болу пар мебахшад. Хушбахтона ишқ чашми шуморо кӯр намесозад ва сари вақт муҳаббати хасакиро эҳсос намуда, бадхоҳонро аз худ дур месозед. Нафароне, ки муҳаббати худро аз даст медиҳанд, аз дубора аланга гирифтани он дар ҳайрат мемонанд. Кӯшиш намоед, ки дар лаҳзаҳои даркорӣ паҳлуи ёри худ бошед. Ба нафарони муҷарраде, ки аз зиндагии якранг дилгир шудаанд, рӯ ба тағйироту дигаргуниҳо оварданро тавсия медиҳем.

Ақраб
Зодагони мучали ақраб бо ҷидду ҷаҳд ва ҳассосияти зиёд дар моҳи апрел нафарони зиёдеро ошиқи худ мегардонанд. Ба нафароне, ки пешниҳоди издивоҷ мекунанд, дарҳол ҷавоби рад надиҳед, беҳтараш бодиққат бошед, аз миёни чанд хостгор шумо нафареро пайдо месозед, ки бахту тақдиратон бо ҳам пайвастагӣ дорад. Нафароне, ки аз муҳаббат ноумед гаштаанд, бори дигар ошиқ мешаванд. Ақрабҳои оиладор низ аз муҳаббат бенасиб намемонанд, бо туҳфаву навгониҳо муносибатҳои заношавҳариро тақвият мебахшанд.

Қавс
Нафарони муҷаррадро вохӯриҳои ошиқона интизор аст. Бо нафаре ишқварзӣ мекунед, вале нафареро, ки ҳамсафари ҳаётии худ дидан мехоҳед, пайдо карда наметавонед. Бахтатон кушода аст, вале дар ин моҳ онро пайдо карда наметавонед. Шубҳаву гумони бад бинои бахти нафарони оиладорро валангор месозад. Агар тамоми моҳ бо рашку нобоварӣ муносибатҳои худро мушкил гардонед, аз ин гирдоб то дергоҳ берун шуда наметавонед.

Ҷаддӣ
Дар ҳаёти шахсии зодагони мучали ҷаддӣ санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ дар назар аст. Сабаби сар задани нофаҳмиҳои оилавӣ бо ҳам забон ёфта натавонистани зану шавҳарон аст. Зимни рафъ намудани мушкилоти оилавӣ боэҳтиёт рафтор намоед. Меҳрубониву дилёбӣ ҳама гуна мушкили сарзадаро бартараф менамояд. Дағаливу оташинӣ шахси бароятон азизу қадрдонро дур месозад. Муносибатҳои ошиқона дар ҷои кор барои нафарони муҷаррад дарди сар меорад.

Далв
Зодагони мучали далв дар моҳи апрел фаро расидани баҳорро эҳсос намуда, бо тамоми ҳастӣ бори дигар ба дӯстдоштаи худ ошиқ мешаванд. Аз муносибатҳои кутоҳмуддати ошиқона ва булҳавасӣ худдорӣ намоед. Ба нафарони оиладор низ ишқбозӣ карданро тавсия намедиҳем. Агар шумо то ҳанӯз бахти худро пайдо накарда бошед, дар ин моҳ ошиқ шуданро тавсия намедиҳем. Беҳтараш дар ин моҳ ба касе ошиқ нашавед.

Ҳут
Агар зодагони мучали ҳут ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд, муносибатҳои ошиқонаашон дар охир онҳоро ба хонаи ақди никоҳ ва зери чодари арӯсӣ мебарад. Нафарони оиладорро лозим меояд, ки нисбати ҳамсафари ҳаётии худ сабур бошанду дар лаҳзаҳои даркорӣ мӯнису ғамгусор буданро фаромӯш насозанд. Ҳатман вақт ёфта, мушкили дар оилаатон сарзадаро бо ёри худ ҳаллу фасл намоед, он гоҳ мушкили тӯлкашидаро ба зудӣ рафъ месозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД