Дар оилае, ки ман ба воя расидаам, ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон буд. Ҳарчанд оилаи серфарзанд маҳсуб ёбем ҳам, 2 бародару 3 хоҳари калониам бо интихоби худ оила бунёд намудаанд ва касе садди роҳи хушбахтии онҳо нашудааст.
Ҳангоми дар синфи 11 хонданам дар дил нисбати ҳамсинфам Диловар меҳри хосае пайдо намудам. Ӯ низ нисбати ман бетараф набуд, аз ин рӯ, вақте мактаби миёнаро хатм намуда, номаи камол ба даст гирифтем, Диловар дарҳол хостгоронашро ба хонаи мо равон кард.
Азбаски як хоҳарам ҳанӯз ба шавҳар набаромада буд, модарам ба хостгорон на ҷавоби рад доданду на розигиашонро. Ҳамин тавр, баъди 3 сол, вақте апаамро ба шавҳар додем, маро низ нияти тӯй карданро намуданд. Ростӣ, тӯли инсолҳо Диловар маро интизор буд. Ҳарчанд, ки модараш барояш духтари як хешашонро таги чашм намуда буданд, аммо Диловар “ба ваъдаам вафо мекунам” гуфта, модарашро бовар кунонд, ки ғайр аз ман дигаре барояш лозим нест. Дар муддати 3 сол хостгорони Диловар дар ҳар як иду айём хонаи мо меомаданду бо савғотиҳои гуногун хотири аҳли хонаводаи моро ҷамъ менамуданд. Аз ин рӯ, ман низ бо дили пур худро аллакай ҳамсари Диловар мепиндоштам.
Ҳамааш хуб буд, то он даме, ки қарори оиладоршавии ҳардуи мо ба миён омад. То ин дам аллакай Диловар дар донишгоҳ таҳсил мекарду ман бошам, дӯзандагиро ихтиёр намудам, чунки Диловар ҳаминро мехост.
Дере нагузашта, рӯзи тӯйро ҳам аниқ карданд ва оилаҳои мо дар тараддуди тӯй буд. Дар ҳамин шабу рӯз дар атрофи номи ману Диловар гапу калочаи зиёд сар зад. Сабаби сар задани нофаҳмӣ миёни волидайни ману Диловар хонаи истиқоматӣ шуд. Волидони Диловар пешакӣ ваъда дода буданд, ки барои мо ақаллан хонаи якҳуҷрагиеро харидорӣ менамоянд, чунки оилаи онҳо калон буду ҳама дар як хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд. Бар замми ҳамаи ин, бародари Диловарро аллакай зан дода буданд, аз ин рӯ, онҳо якбора аз фикрашон гаштанд. Волидони Диловар ният доштанд, ки моро дар хонаи иҷора ҷой кунанд, вале чунин хулосаашон ғазаби волидайни маро хезонд ва якбора тӯйи деринтизори ману Диловар қатъ гардид. Бо ҳамин дигар ҳарду ҷониб ба як мӯза по андохта, ҳар яке талаботи хешро пеш мегузошт. Санаи тӯй низ наздик мешуд, аммо дигар аз тӯй хабаре набуд. Ҳама ёру дӯстон, хешу ақрабо ангушти ҳайрат мегазиданд ва интизори натиҷаи кор мешуданд.
Билохира, тӯй боздошта шуд ва аҳли оилаи мо дигар аз раъйи худ гаштанд. Ман низ фикр кардам, ки бо гузашти вақт ҳамааш ҷойи худро мегирад, аммо ин тавр нашуд...
Дар рӯзи муайянгардида тӯйи Диловар баргузор гардид. Дар ҳақиқат ӯро оиладор намуданд ва ростӣ, то ҳанӯз боварам намеояд, ки ҳамин рӯзҳоро паси сар кардам. Вақте ба ман дар ин бора хабар расониданд, дигар дар шаҳр зиндагӣ карданро барои худ ҳаром шуморида, ба хонаи бародарам, ки дар деҳаи дурдасте воқеъ буд, кӯчидам. Волидонам, ки дар бадбахтии ман худро гунаҳгор мешумориданд, дигар муқобилият нишон надода, ин қарори маро дуруст шумориданд. Дере нагузашта, аз деҳаи акаам як хостгор баромаду маро низ ба шавҳар доданд. Азбаски барқасди корҳои кардаи оилаи Диловар зудтар оиладор шудан мехостам, он замон хурсанд будам. Бо шавҳарам ҳамагӣ 9 моҳ зиндагӣ доштем. Бо амри Худованд аз мо фарзанд ба дунё наомад ва ростӣ, тавлиди фарзандро интизор ҳам набудам, чунки шавҳарамро заррае ҳам дӯст намедоштам.
Баъди оилавайронӣ боз ба хонаи волидонам баргаштам. Аввалин чизе, ки мехостам шунавам, ин хабаре дар бораи Диловар буд. Баъдан фаҳмидам, ки волидонаш ӯро маҷбуран “оқ мекунем” гуфта, бо ҳамон духтари холааш тӯй кардаанд ва ҳатто чандин маротиба хонаашонро тарк карда, зиндагиашро идома додан нахостааст, чунки маро дӯст медоштааст. Ҳамин гуна далелҳо зиёданд.
Албатта, ман инкор намекунам, ки Диловарро дӯст намедорам, аммо як чиз ҳамеша садди роҳам мегардад, ин ҳам бошад, сарнавишти ҳамон духтаре аст, ки бо сад умеду орзу ба шавҳар баромадааст. Кадом духтар дидаву дониста, ба ҷавоне, ки шахси дигареро дӯст медорад, ба шавҳар мебарояд? Фикр мекунам, ӯро низ дар ин роҳ қурбон намудаанд. Ростӣ, дилам ба ҳолаш месӯзад, аммо ишқамро зинда ба зинда гӯр кардан намехоҳам. Охир, ман ҳам чанд сол баумед будам, ки бо шахси дӯстдоштаам оила бунёд мекунаму аз ӯ фарзандони дӯстрӯй ба дунё меорам. Чӣ кор кунам, магар роҳи мушкилот вуҷуд надорад?
Дилшода