arzon replenishment
Оши палов бо себи биҳӣ
100

Маҳсулоти лозима:

Гӯшти гов - 1,5 кг

Равғани растанӣ - 1 коса

Биринҷ - 1 кг

Пиёз - 3-4 дона

Сабзӣ - 1,5 кг

Тухми бедона - 10 дона

Себи биҳӣ - 2-3 дона

Сирпиёз - 2 дона

Нахӯд - мувофиқи табъ

Намак, зира - мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Дегро дар болои оташ гузошта, равған мерезем ва гӯштро андохта, таф медиҳем. Пиёзро реза карда, илова мекунем, то ки хуб бирён шуда, сурх шавад. Пасон, сабзӣ, нахӯд, сирпиёз, намаку зира ва себи биҳиро реза карда, ҳамроҳ мекунем ва таф медиҳем. Баъд аз он меандозем. Каме ки пӯхт, биринҷро шуста ба дег меандозем ва рӯяшро пӯшонида, дам медиҳем.

То пухтани оши палов тухми бедонаро меҷӯшонем ва хӯриши барои ошро бо помидору бодиринг омода мекунем.

Оши палов ки пухт, дар табақи ошхӯрӣ мебардорем ва ба болояш гӯшт, тухми бедона, сирпиёз ва себи биҳиро гузошта, дар сари дастархон бо аҳли хонавода нишаста истеъмол мекунем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД