Оши кӯча хӯроки сабуки тезҳазмшаванда мебошад. Онро бисёртар дар фасли гармо омода мекунанд. Оши кӯчаро аз об, гандум, лӯбиё нахӯд, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, равған, кабудӣ ва ҷурғот тайёр мекунанд.
Барои ба панҷ-шаш нафар омода кардани хӯроки оши кӯча чунин маҳсулот лозим мешавад: ним истакон гандум, лӯбиё, биринҷ, нахӯд, 1 истакон равған, се дона картошка, ду дона сабзӣ, ду дона пиёз, 200 грамм гӯшт, 1 бандча кабудӣ, 200 грамм чакка ва се литр об.
Тарзи таҳия:
Аввал бо картошкаву сабзаву гӯшт зирбак омода кунед. Гандумро шуста ба воситаи ӯғур (ҳован) майда намоед. Ба зирбаки тайёршуда гандумро андозед, пас каме об илова намоед. Баъди он ки гандум пухт, нахӯду лӯбиё ва сипас биринҷро андозед. Чаккаро гирифта ба он об илова кунед. Вақте хӯрок омода шуд, ба коса гирифта, чакка андозед ва барои зебоияш кабудӣ ҳамроҳ намоед.
Ба шумо иштиҳои соф!