Formula novemver 2024
Қошатро “растушовка” кунӣ, гунаҳкор мешавӣ?
1157


Салом! Ман Наргис, сокини шаҳри Душанбева духтари 20-сола ҳастам. Чанде пеш волидонам маро ба як ҷавони соҳибмаълумот, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекардааст, фотиҳа карданд.

Модари домод таъкид кард, ки онҳо оилаи замонавӣ ҳастанд ва писараш духтарони ороставу перостаро дӯст медораду ман бояд ба худам аҳамият диҳам. Аз ҳамин хотир мехоҳам ба назди ягон устои хуби ороишгар рафта, абрувонамро қолаб занам, яъне “растушовка” кунам, вале бибиам шӯрандозӣ карда ба падарам гуфта истодааст, ки қошро чидану дигар кардан гуноҳи азим аст, барои як тӯй шуда, шумо духтаратонро ба оташи ҷаҳаннам мепартоед. Падарам ба гапи модараш дода шуда ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба кошонаи ҳусн равам. Ҳайронам, охир бо ин ҳл ман чи хел арӯс мешавам? Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кр кунам? Магар дар ҳақиқат фардои қиёмат барои қолаб задани абрувон занро ба оташи ҷаҳаннам меандозанд?

Наргис, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД