Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, портали омории Oрta Sport эҳтимоли пирӯзии клубҳои Лигаи Чемпионҳоро дар ин мавсим арзёбӣ кардааст.
Ба навиштаи портал, тими “Ливерпул” шонси бештари пирӯзӣ дорад - 24,6%. "Арсенал" фаворити навбатии унвони қаҳрамонӣ бо 16,6% мебошад. “Интер” бо 14,5% сегонаи беҳтаринҳоро пур мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 11 ва 12-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми феврал доир мегарданд.
Ғолиби феълии мусобиқа “Реал Мадрид” маҳсуб мешавад. Дар финал тими шаҳри Мадрид соли гузашта бо ҳисоби 2:0 муқобили “Боруссия”-и Дортмунд зафар ёфта буд.