goodwell
Ҷорҷина ва Роналду расман зану шавҳар шуданд
12.08.2026
Oila.tj
149

Футболбози маъруфи португалӣ Криштиану Роналду ва модели испанӣ Ҷорҷина Родригес расман издивоҷ карданд. Маросими ақди никоҳ рӯзи 11-уми август дар шаҳри Кашкайши Португалия дар доираи як маросими хусусӣ баргузор шудааст. Дар ин маросим фарзандони онҳо низ ҳузур доштаанд.

Ҷуфт муносибати худро аз соли 2016 оғоз карда буданд. Онҳо соли 2025 номзадии худро эълон карданд. Роналду ва Ҷорҷина акси дастҳои худро бо ҳалқаҳои арӯсӣ дар Instagram нашр карда, бо навиштаи кӯтоҳи «C ❤️ G» издивоҷашонро тасдиқ карданд.

Интизор мерафт, ки тӯй дар ҷазираи Мадейра баргузор шавад ва ҳатто бархе мухлисон барои дидани маросим дар он ҷо ҷамъ шуда буданд. Аммо ҳамсарон маросими худро дар Кашкайш ва ба таври хеле хусусӣ баргузор карданд.

Ҳоло Роналду ва Ҷорҷина як оилаи серфарзанд доранд. Роналду панҷ фарзанд дорад, ки Ҷорҷина дар тарбияи онҳо низ нақши муҳим дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД