Орифанисо Ғафурова аз ҳунармандони маъруфу маҳбуби санъати тоҷик буда, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва сабки вижаи актёрӣ дар саҳнаи театр ва синамои миллӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Қариб 40 сол мешавад, ки ин бонуи ҳунар дар театр фаъолият намуда, пайваста дар филмҳои тоҷикӣ нақш меофарад. Мавсуф тӯли ин муддат дар даҳҳо филму намоишномаҳои театрӣ ҳунарнамоӣ карда, бо иҷрои нақшҳои ҷолибу таъсирбахш тавонистааст муҳаббати тамошобинро ба даст оварад. Ин навбат бо бонуи ҳунар Орифанисо Ғафурова ҳамсӯҳбат шудем, то аз рӯзгору фаъолияти эҷодӣ, муваффақияту дастовардҳои ҳунарӣ ва аз вазъи имрӯзаи театру синамои тоҷик бештар огоҳ шавем.
- Аксарият аз кудакӣ роҳи ояндаи худро муайян мекунанд. Яъне ҳар кас ният мекунад, ки оянда соҳиби ин ё он касб мешавад, вале ин орзуҳо бо гузашти вақт тағйир меёбанд. Шумо ҳам аз хурдӣ ҳунарманд шудан мехостед?
- Падарам бисёр мехостанд, ки ман полис шавам. Модарам, ки духтур буданд маслиҳат медоданд, ки ин пешаро интихоб кунам. Лекин ман аз хурдӣ орзу мекардам, ки сароянда шавам. Бисёр оҳангу таронаҳои устодони санъати тоҷикро дӯст медоштаму пайваста дар чорабиниҳои мактаб мехондам. Ҳатто овони мактабхонӣ назди устоди зиндаёд Ислом Саломов ба театр рафта, суруде хонда будам. Ҳамин тавр, ба театр дил бастам ва баъди хатми мактаби миёна ба ҳамонвақта Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар бахши актёрӣ дохил шудам. Ман касберо интихоб кардам ки гоҳ, милиса мешаваму, гоҳ духтур, гоҳ модару гоҳ хоҳар, гоҳ суду гоҳ прокурор ва гоҳ зани одии хоксор. Аз касби худ меболам ва ифтихор мекунам, имрӯз ҳамчун ҳунарманд дар бари устодони бузурги санъат фаъолият мебарам ва дар рушди театру синамои тоҷик саҳм мегузорам.
- Фаъолияти ҳунариятон аз кадом театр оғоз ёфт?
- Ҳар донишҷӯ пас аз хатми донишкада аввал қадамҳои худро ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ мегузорад. Ман низ фаъолияти ҳунарии худро аз ҳамин ҷо оғоз намудам. Саркоргардони ҳамонвақтаи театр устод Хушназар Майбалиев ба ман пешниҳод намуданд, ки ҳамон ҷо истода кору фаъолият намеоям. Ман, ки аз ҷониби ҳамонвақта "Студияи Ленинобод" таҳсил карда будам, боз ба Хуҷанди бостон баргаштам. Аз тарафи дигар дар шаҳри Душанбе вазъ ноором буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки сар зада буд доман пащн мекард. Хулоса, фаъолияти ҳунариамро аз соли 1992 дар Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ идома додам. Маҳз ҳамин ҷо таҷрибаи бештар андӯхтам ва ҳамчун ҳунарманди театру синамо шинохта шудам.
- Дар байни образҳои офаридаатон бештар кадомаш писанд аст ва кадомаш ба хислату рафтор ва зиндагии шахсии шумо монанданд?
- Ростӣ, ҳамаи образҳоямро дӯст медорам. Ҳар як нақш барои ман чун фарзанд азиз аст, зеро барои офаридани ҳар кадоми онҳо меҳнат, вақт ва маҳорати эҷодӣ сарф шудааст. Новобаста аз он ки нақш кӯтоҳ аст ё тӯлонӣ, ман онро бо тамоми эҳсос ва бо дилу ҷон иҷро мекунам. Пеш аз офаридани образ худро қаҳрамони воқеии ҳамон асар эҳсос мекунам. Кӯшиш мекунам ба тамошобин бо тамоми паҳлӯяш қаҳрамонамро нишон диҳам. Албатта, баъзе нақшҳо ба ҳаёту хислату рафтори шахсиям хеле наздиканд. Масалан, дар намоишномаи «Алла», таҳти роҳбарии Қурбон Бобоҷонов, ман нақши Гулфинаро бозида будам. Он образ ба хислати ман хеле монанд буд ва бо ҳавас ва муҳаббати зиёд онро иҷро кардам. Ҳамчунин, дар намоишномаи «Келини ҷойдорӣ», ки нақши модарро бозидаам ба ҳаёту зиндагӣ ва кирдору рафтору гуфторам монандии зиёд доранд.
- Вақте нақши душвор ба шумо вогузор мешавад, чӣ гуна ба он омодагӣ мебинед. Умуман барои офаридани як образ ҳунарманд чӣ тавр ва чӣ қадар омодагӣ мебинад?
- Вақте нақши душвор медиҳанд, шабу рӯз хобам намебарад. Ҳушу ёдам пайваста ба эҷоди ҳамин образ банд мешавад. Мехонам, омодагии пухта мебинам. Ҷустуҷӯ мекунам, заҳмат мекашам. Ҳаракатҳояшро, мимикаҳояшро тамрин мекунам. Матнашро азёд мекунам. Маслиҳати устодону ҳамкоронро мегирам. Умуман ба ҳар як саҳна, ҳар як ҳунарманд хоҳ ҳирфаӣ бошад, хоҳ навроҳ омодагии ҷиддӣ мебинад. Кӯфтагии ин ҳама заҳматҳо бо як кафкӯбии мухлис баромада меравад.
- Бештар офаридани кадом навъи нақшҳоро дӯст медоред, мазҳака ё фоҷиа?
- Бароям ҳамаи жанрҳои театрӣ писанд аст. Ҳам фоҷиа, ҳам драма ва ҳам мазҳака. Ҳунарманд дар ин жанрҳо мешукуфад. Истеъдоду маҳорати худро сайқал медиҳад. Барои ҳамин вақте ба ман коргардон дилхоҳ нақшро медиҳад рад намекунам. Кӯшиш мекунам бо тамоми маҳорат қаҳрамонамро ба тамошобин нишон диҳам. То тамошобин дарк кунад, ки қаҳрамонам чӣ мехоҳад ва ба бинанда чӣ паёме дорад.
- Оё дар намоишҳои театрӣ ва синамои миллӣ андешаҳои ҷомеа ифода меёбанд?
- Албатта, ҳадафи асосии ҳар як намоиши театрӣ ва синамои миллӣ ин ифодаи андешаву дарду орзуҳои ҷомеа аст. Театр ва синамо ҳамеша оинаи зиндагии мардум мебошанд. Инҳо воқеиятро нишон медиҳанд, масъалаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва рӯҳии инсонро бозтоб мекунанд. Ҳунарманд бошад, василаи ин ифода аст бо эҳсос, бо садо, бо ҳаракат ва бо нигоҳи худ андешаи муаллиф ва садои ҷомеаро ба тамошобин мерасонад. Вақте тамошобин дар саҳна ё экран худро мебинад, дард хурсандӣ, камбудӣ ё орзую омоли худро эҳсос мекунад.
- Ба андешаи шумо, нақши театр ва синамо дар ташаккули маънавии инсон имрӯз то чӣ андоза муҳим аст?
- Ба андешаи ман нақши театр ва синамо дар ташаккули маънавии инсон бисёр бузург аст. Зеро театр ва синамо танҳо василаи фароғат нестанд, балки онҳо мактаби зиндагӣ мебошанд. Ҳар як намоиш ва ҳар як филм метавонад инсонро ба фикр кардан, муқоиса намудан ва ислоҳи худ водор созад. Санъат махсусан театр ва синамо, эҳсосотро бедор месозад, меҳру муҳаббат ба инсон, ватан, оила ва арзишҳои инсониву миллиро тақвият медиҳанд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони маънавӣ бо суръати баланд тағйир меёбад, ин ду навъи санъат метавонанд ҳамчун роҳнамо барои насли ҷавон хизмат кунанд. Ман бовар дорам, ки нақши театр ва синамо дар ташаккули маънавии ҷомеа на танҳо муҳим, балки ҳаётан зарур аст.
- Дар ҷомеаи имрӯза, ки шабакаҳои иҷтимоӣ "ҳукмронанд", чӣ гуна метавон аҳамияти театрро нигоҳ дошт?
- Бешубҳа, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае таваҷҷуҳи мардумро аз фарҳангҳои зинда, аз ҷумла театр дур месозанд. Аммо, бо вуҷуди ин, театр ҳеҷ гоҳ арзиш ва аҳамияти худро аз даст намедиҳад. Вале, барои нигоҳ доштани мақоми театр дар ҷомеа, пеш аз ҳама бояд сатҳи намоишҳо боло бурда шавад. Мавзӯъҳо бояд муосир, ба дарди мардум наздик ва пурмазмун бошанд. Театр бояд бо замон ҳамқадам бошад, вале рӯҳи миллӣ ва ҳунари ҳақиқиро нигоҳ дорад. Агар мо театрро ба дили мардум наздиктар созем он доимо новобаста аз пешрафти технология зинда ва устувор боқӣ мемонад.
- Аз зиндагии оддӣ бештар меомӯзед ё аз саҳна?
- Дар асл зиндагӣ ва саҳна аз ҳам ҷудо нестанд ва ҳар ду якдигарро пурра мекунанд. Ман аз зиндагии воқеӣ илҳом мегирам ва рафтору гуфтору кирдори одамонро меомӯзам. Ҳар як сӯҳбат,тмулоқот, ҳар як ҳодисаи рӯзгор метавонад барои офаридани як нақш дар саҳна манбаъ бошад. Аммо саҳна мактаби дигар аст. Дар саҳна ҳунарманд касбияту маҳорат меомӯзад. Яъне ҳам саҳна ва ҳам зиндагӣ барои рушди ҳунарманд мусоидат мекунанд.
- То имрӯз дар театру синамо чанд нақш офаридед?
- Тӯли фаъолияти ҳунариям то имрӯз даҳҳо нақш офаридаам. Ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар синамои миллӣ. Албатта, рақами дақиқи онҳоро дигар ҳисоб кардан мушкил аст, зеро ҳар сол дар намоишҳои нав ва филмҳои ҷадид нақш меофарам. Масалан ба наздикӣ дар филми "Нерӯи ишқ", "Дурахши ахтарон - Ҷомӣ ва Навоӣ" ва боз дигар филму намоишҳои театрӣ нақш офаридем.
- То имрӯз дар кадом театрҳо ҳамкорӣ доштед ва имрузҳо чӣ нақшаҳо доред?
- Зиёда аз 30 сол аст, ки дар театри Камоли Хуҷандӣ фаъолият дорам. Ин театр бароям мисли хонаи дуввум аст. Замони донишҷӯӣ камтар дар театри А.Лоҳутӣ фаъолият кардам ва бо ҳамин дар театри Камоли Хуҷандӣ ба кор даромадам. Қариб дар ҳама намоишҳо нақш меофарам. Боз пайваста ба сабти филмҳо даъват мешавам. Оянда нақша дорам, ки ба ҷавонон таҷрибаи худро андӯзам. Боз дар филму намоишномаҳои ҷадиду мондагор нақш офарам.
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ