arzon replenishment
Орд боз қимат шуд!
1152


Орд барои мардуми тоҷик маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад, зеро зиндагии оилаи тоҷикро бидуни орду нон тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Аз ҳамин хотир, боло рафтани нархи орд барои мо, тоҷикон зарбаи сахт буда, норозигиҳои зиёдеро ба бор меорад. Вақтҳои охир қимати ин маҳсулти ниёзи аввал тез-тез баланд шуда, ҷайби ин ин ҳам хароби моро торафт харбтар месзад. Рӯзи 13- май нархи орд боз боло рафта, аз 330 ба 370 сомонӣ расид.
Як халта орди 50- килограмӣ, ки пештар 320- 330 сомонӣ буд, акнун дар баъзе мағозаю бозорҳои кишвар, аз ҷумладар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он ба 365-370 сомонӣ расидааст. Сабаби баланд шудани нархи ордро савдогарон дар қимат шудани арзиши н дар кишвари тавлидкунанда маънидод менамоянд. Ба Тоҷикистон орд асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Ин кишвар қаблан хабар дода буд, ки дар мавриди содироти ғалла маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳад шуд ва мақомот низ сабаби боло рафтани нархи ордро дар Тоҷикистон дар ҳаимн маҳдудиятҳо маънидод менамоянд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар як сол ба Тоҷикистони қариб як миллион тонна гандум ворид мегардад, ки 99 % он аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Дар як соли охир нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған,гушт ба таври назаррас боло рафт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД