14-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи вохӯрии корӣ ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ “ Маркази протсессингии умумиҷумҳуриявӣ”, оператори низоми пардохтии UZCARD созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Низоми пардохтии UZCАRD фаъолияти эквайрингӣ, протсессинги пардохтҳои электрониро таъмин намуда инчунин бонкҳо, ташкилотҳои пардохтӣ ва дигар иштирокчиёни бозори пардохтҳои ғайринақдӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муттаҳид месозад, 33 бонки тиҷоратӣ ва зиёда аз 40 агрегатори пардохтҳои кишвар ба низоми пардохтии UZCARD пайваст шудаанд.
Мавзӯи созишнома рушди ҳамкориҳои байни бонк ва низоми пардохтии UZCARD бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои таъмини интиқолҳои боэътимод, бехатар ва бефосилаи фаромарзӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, инчунин мусоидат ба фаъолияти муштараки маркетингӣ буд. Ҳуҷҷат на танҳо дар самти ҳамкориҳои стратегии ҶСП «Спитамен Бонк» ва низоми пардохтии UZCARD, балки дар таҳкими муносибатҳои гарми ду кишвари бародар қадами бузург буд.
Аз тарафи бонк дар мулоқот муовини аввали Раиси Раёсат – Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич, сардори Департаменти кортҳои бонкӣ – Исхаков Дилшод ва Тухтаназарова Хосиятхон – сардори Идораи маркетинг ва рушди бизнес ширкат варзиданд. Ширкати UZCARD –ро муовини директрои генералӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ – Хамидуллина Лиля, сардори идораи маркетинг ва PR – Мухамедов Собиржон намояндагӣ мекарданд. Дар кори ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин директори ширкати Plum Technologies, Хидоятов Эркин Аскарович ва сардори Раёсати интиқоли фаромарзӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, Якушев Эмил Нариманович иштирок доштанд.
Рӯзҳои наздик корбарони замимаи Spitamen Pay имкони пайваст кардани кортҳои UZCARD ба замимаи мобилии бонк ва интиқоли маблағро пайдо мекунанд.
Дар маросими имзои Созишнома Ҳамидуллина Лиля, муовини директори генералии UZCARD оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ қайд кард: «Бароҳатии мизоҷони мо ҳангоми интиқоли маблағ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва баръакс дар замимаи Spitamen Pay калиди рушди бомуваффақият мебошад. Ташкилотҳои мо ва худи мо дар ояндаи наздик ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунем. Мо ба маҳорати ҳамкасбонамон аз Спитамен Бонк барои кори масъулиятнок ва фаъолияту суръат дар ҳалли масъалаҳои муштарак баҳои баланд медиҳем. Суръат барои мо муҳим аст ва мо ҳамеша беҳтаринҳоро интихоб мекунем. Мо шодем, ки имрӯз бо бонки шумо созишнома ба имзо мерасонем».
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо қисми маркетингӣ ва масъалаҳои пешбурди маҳсулот, инчунин пешниҳодҳои махсус ба манфиати мизоҷон, ҳам аз ҷониби Бонк ва ҳам барои дорандагони кортҳои UZCARD – ро баррасӣ карданд.