arzon replenishment
Қонунҳои муҳоҷирати Россия нав шуданд
779

 

Соли равон ба қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия як қатор тағйирот ва дигаргуниҳо ворид карда шуданд.

Акнун шаҳрвандони хориҷие, ки қаламрави дар ин кишвар кор мекунанд, бояд дар баробари гирифтани патент ба мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи ҷойи корашон маълумот диҳанд.

Маълумотномаи мазкурро тариқи портали “Госуслуги” низ фиристодан мумкин аст.
Муҳоҷир вазифадор аст, ки дар муддати 2 моҳ аз санаи гирифтани патент кор ёфта, дар бораи ҷойи кораш ба мақомоти корҳои дохилии Россия маълумот диҳад. Дар акси ҳол патенташ бекор карда мешавад.

Дар қонун зикр шудааст, ки дар баробари маълумотнома шаҳрванди хориҷие, ки дар Федератсияи Россия кор мекунад, бояд ҳамчунин нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандиро низ замима намояд.

Дар сурати қарордоди лафзӣ бастан бо корфармо муҳоҷир бояд дар маълумотнома қайд кунад, ки бо кадом корхона ё шахси конкретӣ шартномаи даҳонӣ бастааст ва кадом корҳоро анҷом дода, чи қадар музди меҳнат мегирад.

"Дар ҳолати иҷро накардани ин вазифаҳо ва пешниҳод нанамудани маълумотнома дар бораи ҷойи кор патенти шаҳрванди хориҷӣ қатъ карда мешавад”-таъкид шудааст дар қонуни нави Федератсияи Россия.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД